Бахшҳо

Turajon.org дар бораи тафтиши телефони ҳамсар, гузоштани оя ва рақамҳои "нуқрагин"

Торнамои Turajon.org, веб-сайти хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо ҳукми гузоштани оятҳо Қуръон дар занги телефонро аз нигоҳи Ислом шарҳ дода, истифодаи телефонҳои бо тило ороишёфта ва харидории рақамҳои ба истилоҳ нуқрагинро бо нархи гарон исрофкорӣ хондааст.

Ин торнамои исломии кишвар гуфтааст, гузоштани оят ё садои Азон дар занги телефон як навъи беэҳтиромӣ нисбати Қуръон ва шаоири Ислом маҳсуб мешавад. “Худо Қуръонро барои хондану тадаббур кардан ва амал кардан ба аҳкоми ӯ нозил кардааст. Каломи Худо бузургтар аз он аст, ки василаи танбиҳ дар телефон қарор дода шавад ё худ Азон, ки барои духули вақти афзалтарин ва муҳимтарин ибодати дар Ислом - намоз машруъ шудааст.”- менависад Turajon.org.

Ба гуфтаи ин торнамо, гузоштани дуо ё панду насиҳат дар занги телефон ҷоиз аст. Вале ҳангоми ворид шудани шахс ба ҳоҷатхона бояд овози телефон хомуш карда шавад.

Дар мавриди хариду фурӯши рақамҳои тилоӣ бо нархи гарон, Turajon.org мегӯяд, агар ин амал ба хотири шуҳратхоҳӣ бошад дар исрофкорӣ дохил шуда, шариати Ислом онро манъ мекунад. Торнамо менависад, “Худованд дар Қуръон дар сураи Аъроф ояи 31 мегӯяд:”Бихуред ва биошомед, вале исроф накунед. Зеро Худо исрофкоронро дуст намедорад.

Веб-сайти хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо гуфтааст, азбаски истифодаи тило дар ғайри ҷавоҳирот барои зану мард ҳаром аст, корбурди телефонҳои бо тило ороишёфта низ ҷоиз нест. Ба гуфтаи Turajon.org, паёмбар (с) гуфтаанд: ”Дар зарфи тиллоӣ ва нуқрагин нанӯшед, зеро нӯшидан дар зарфҳои тилоию нуқрагин барои кофирон дар ин дунё аст ва барои шумо дар охират аст.” Turajon.org, далели манъ шудани истифодаи ашёи тилоӣ дар ғайри зеваротро навъе аз кибру исрофкорӣ маҳсуб шудани он, арзёбӣ кардааст.

Торнамои Turajon.org тафтиш кардани телефони ҳамроҳи ҳамсарро як навъи ҷосусӣ хонда, гуфтааст, ин амал аз нигоҳи Ислом ҳаром мебошад: “Худованд аз таҷассусу ҷосусӣ барои ёфтани айби якдигар наҳй кардааст. Дар Сураи Ҳуҷурот ояти 12 омадааст,”ва аз ҳоли якдигар таҷассус накунед.

Дар мавриди он ки мард ҳақ дорад, ҳамсари худро аз истифодаи телефони мобилӣ манъ кунад, торнамо навиштааст, “агар шавҳар ба ҳамсараш шакку шубҳа дошта бошад, ё ҳамсар телефонро дар умури ҳаром истифода мебурда бошад пас дар ин ҳолат шавҳар ҳақ дорад ҳамсарашро аз истифодаи телефон барои ҳифзи номусаш манъ кунад.
Мӯҳр
Комрон
Оё и дуруст аст ё нодуруст аз шумо пурсиданиям зеро ки шумо ба хамаи чиз кордор шуда чакка мешавед.

Худованд аз Шумо рози бошад бехтарин суханонро кайд кардед...

Амир
Дар хакикат сафи нафароне, ки дар телефонхои худ садои хондани ояту Азонро гузоштаанд хеле зиёд аст ва ин хама ХУДНАМОИе беш нест. Гуё ки "бубинед чи хел ман мусалмони "ТОЗА" хастам. Хато ман чавононеро дидам ки бо рафтан ва хондани намоз дар масчид худтаърифкунй менамуданд. Мехохам гуям ки О ман хам масчид меравам ку, аммо фикр мекунам "чавоби аблах хамушист" Кош хамин худнамоии баъзе аз ашхос бо риш мондану, масчид рафтану, хондани ояту Азон дар телефонхо кам мешуд.

Комрон,
Комрон, Ту ба и саволи чохилона худата, ки метароши?! Худата беобру накун!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)