Бахшҳо
28 мар 2014 17:33Тоҷикистон / Сиёсат

АКС: Тағйироти нави кадрӣ, баҳси қарзи хориҷӣ ва шаҳрсозӣ дар ҷаласаи ҳукумат

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз,28-уми март зимни ҷаласаи ҳукумат бо амалӣ намудани як қатор тағйироти кадрӣ ба масоили қарзи хориҷӣ, бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон ва шаҳрсозӣ дахл кардааст.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар қатори кадрҳои навтаъин Бунафша Одинаева - Муовини вазири фарҳанг, Зулфия Одинаева - Муовини вазири нақлиёт, Абдулҳаким Холов - директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Раҳимҷон Саидов - сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, Раҳматулло Таваров - сардори Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Баҳодур Холназаров - сардори хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Ғафур Хоҷамуродов - сардори хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Холмаҳмад Назаров - сардори хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистонро ном бурд.

Ба иттилои манбаъ зимни ҷаласаи ҳукумат инчунин стратегияи идоракунии қарзи давлатии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 тасдиқ карда шуд: “Тавре зикр гардид, тибқи ин санад, нишондиҳандаи асосии таносуби қарзи номиналии беруна нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохила дар сатҳи 40%, унсури грантии қарзҳо на кам аз 35%, давраи имтиёзӣ на кам аз 5 сол ва фоизи онҳо на зиёда аз меъёрҳои тиҷоратӣ муайян гардидааст.”

Манбаъ афзуд, Эмомалӣ Раҳмон доир ба риояи талаботи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.


Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон илова намуд, ки баробари тасвиби лоиҳаи як қатор қонунҳо барои зарардидагони шаҳри Ваҳдат аз офатҳои табиӣ 166 гектар замин барои додани қитъаҳои наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар охири маҷлис назди масъулин доир ба вусъати киштукори баҳорӣ ва омодагӣ ба пешгирӣ аз офатҳои табиӣ, аз ҷумла селу жола ва обхезӣ ва бартарафсозии оқибатҳои эҳтимолии онҳо вазифаҳои мушаххас гузоштааст.

АКС: Тағйироти нави кадрӣ, баҳси қарзи хориҷӣ  ва шаҳрсозӣ дар ҷаласаи ҳукумат

АКС: Тағйироти нави кадрӣ, баҳси қарзи хориҷӣ  ва шаҳрсозӣ дар ҷаласаи ҳукумат

АКС: Тағйироти нави кадрӣ, баҳси қарзи хориҷӣ  ва шаҳрсозӣ дар ҷаласаи ҳукумат

АКС: Тағйироти нави кадрӣ, баҳси қарзи хориҷӣ  ва шаҳрсозӣ дар ҷаласаи ҳукумат

АКС: Тағйироти нави кадрӣ, баҳси қарзи хориҷӣ  ва шаҳрсозӣ дар ҷаласаи ҳукумат

АКС: Тағйироти нави кадрӣ, баҳси қарзи хориҷӣ  ва шаҳрсозӣ дар ҷаласаи ҳукумат

АКС: Тағйироти нави кадрӣ, баҳси қарзи хориҷӣ  ва шаҳрсозӣ дар ҷаласаи ҳукумат

АКС: Тағйироти нави кадрӣ, баҳси қарзи хориҷӣ  ва шаҳрсозӣ дар ҷаласаи ҳукумат

АКС: Тағйироти нави кадрӣ, баҳси қарзи хориҷӣ  ва шаҳрсозӣ дар ҷаласаи ҳукумат
Мӯҳр
Ман дар хайрон мондам хамин советник по кадри Президент ба ки читавр аз АКН оид ба наъша,...,, оварда дар вазорати фарханг муовин мемонед Бунафша Одинаева ин ба чи рост меояд аз макомотхои кудрати ба фарханг ё ки географияааш дуруст бошад тамом

ХОЛИК
ИН ЯК БЕСОХИБИИ МИЛЛАТ ВА ДАВЛАТ АСТ НА ЧИЗИ ДИГАР

Холикбой барои акли ту расидана холо вакт бисёр аст . Барои фахмидани оне ки давлату миллати точик сохиби худро дорад як ба Узбакистону Киргизистону Туркманистон рафта бинед вазъи мардумро ва мукоиса намоед Ман як коргари одии ш.Конибодом аз холати имрузаи кишвар бо ин кадар хамсоягон( Узб-симхор Афгон-ноороми ) дар арсаи олам обру доштан мефахрам Кор кардан даркор на рохбарони давлат ину он гуфта дар назди интернет нишастан-

Сафар
Донобой бучаи Туркманистон 40 миллиард доллар аст ва кариб мардикоре надорад!

мухочир,
бародар ин просто 5 аз 36 ва 6 аз 45 аст.

Точик
Зулфия Одинаева- аз як коргари одди ба Муовини вазири наклиет?

Сафар,
safardono dar turkmaniston jang nashudaast.jang ba 100 sol kafo mebarad.

dar joi prezident bosham yagontasha ivaz namekunam.ivaz kunand charo ivaz mekunad meguyand nakunand to kai inho kor mekunand meguyand.in xalka namefahmi.

Боз хамун кампиру муйсафедхое,ки ягон чиз аз дасташон намеояд))

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)