Бахшҳо

Кабирӣ дар бораи Иттиҳоди гумрукӣ ва вобастагии Тоҷикистон аз Қирғизистон

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва вакили парлумон ворид шудан ба Иттиҳоди гумрукиро ба нафъи кишвару сокинон хондааст. Кабирӣ дар суҳбат бо нашрияи “Наҷот” гуфтааст, “агар паёмадҳои мусбату манфии воридшавии Тоҷикистонро ба ин иттиҳод канори ҳам бигзорем, нафъаш бештар аст.

Аммо ӯ дар шарҳи гуфтаҳояш, илова кардааст, сокинони Тоҷикистон дар сурате аз ворид шудани кишвари худ ба Иттиҳоди гумрукӣ метавонанд, манфиатдор бошанд, ки дар дохили он ба қувваи кории онҳо монеае вуҷуд надошта бошад. “Танҳо молу пул гардиши бемонеъа надошта бошанд, балки барои мо вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони муҳоҷир низ муҳимтар аст. Чун нисфи даромади муҳоҷирин сарфи хароҷоти расмию ғайрирасмӣ барои дарёфти иқомату патенту дигар корҳои онҳо сарф мешавад. Тасаввур кунед, ин чанд миллиард доллари дигар аст, ки изофа мешавад ба пули фиристодаи онҳо,”- афзудааст, Кабирӣ.

Раиси ҲНИТ бар ин аст, ки раванди воридшавӣ ба Иттиҳоди гумрукӣ барои Тоҷикистон низ бе мушкилот нахоҳад буд. Ӯ мегӯяд, мақомоти тоҷик замоне метавонанд, узвияти ин иттиҳодро ба даст оранд, ки ҳамтоёни қирғизашон ба он шомил шуда бошанд: “Ҷойи тазаккур ҳам ҳаст, ки мо танҳо пас аз Қирғизистон ба ин иттиҳод ворид шуда метавонем, чун иттиҳоди гумрукӣ арзи муштаракро тақозо дорад.”

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар Қирғизистон саффи мухолифини воридшавӣ ба ин иттиҳод низ кам нестанд: “Ҳоло воридшавии Қирғизистон ба Иттиҳоди гумрукӣ зери суол аст, мухолифини узвият ҳам кам нестанд, агар чӣ вақтҳои ахир тарафдорони он бештар мешаванд. Қирғизистон кишварест, ки назари мардум болои мавқеи сиёсатмадорон таъсири зиёд дорад ва ин вазъият, инчунин ҳодисаҳои Украина ояндаи Иттиҳоди гумрукиро як каме норавшан кардааст.

Айни ҳол ба Иттиҳоди гумрукӣ ва Минтақаи ягонаи иқтисодӣ, Русия, Белорусия ва Қазоқистон аъзо буда, Қирғизистону Тоҷикистон дар арафаи пайвастшавӣ ба ин созмонанд. Дар доираи ин созмонҳо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ният дорад, Иттиҳоди Авруосиёро низ ташкил кунад, ки ҳаракати озоди шаҳрвандон, мол ва сармояро дар қаламрави кишварҳои узв таъмин мекунад.
Мӯҳр
Фирдавс
Иттиҳоди гумрукӣ фақат ба нафси Русия ҳаст, на ба ягон кас. Мо бояд ба ин иттиҳод дохил нашавем.

ц
Мо бояд чорхез зада ба Иттиходи гумруки пайвастем. Россия набошад, дар Точикистон гуруснаги сар мезанад.

тахлилгар
М.Кабири бехтарин мавкеъро дорад, зеро сиёсатмадор, сиёсатшинос ва марди кор аст. Вакте як тасмим гирифта мешавад бояд пахлухои манфи ва мусбат канори хам гузошта шуда натичагири шавад, Кабири рост мегуяд, ки нафъи пайвастани мо аз напайвастан бештар аст. Аввали инки беш аз ду милион шахрванди мо дар Росия аст. дуввум инки амрико ва Аврупо ба Точикистон хамчун як кишвари дур ва минтакаи нолозим нигох мекунанд. Дар ин минтака яке аз абркудратхо Росия аст, сиёсати мантикан дуруст бехтар кардани муносибат бо ин кишвар аст, албатта на ба маънои онки дари робита бо дигар кишвархо баста шавад.

Чанги беамони рух ва ишкам!.. Ва мутаасифона: галабаи ишкам!.. Руссия начотдихандаи мо, киблаи мо, ояндаи мо... Хайфи хама таъриху, фархангу, истиклолият!.. Гуломиро аз бадан катра-катра дур кардан бояд!.. Ё миллат, ё гуломон...

99
Дидаву дониста, худфиребӣ кардан, маънои аблаҳиро дорад!
Ба рус бовар кардан, ин ба шайтон бовар кардан аст, оғои Кабирӣ!
Инро худи шумо аз мо беҳтар медонед!. Вале, ман медонам, ки шумо
"Бо дӯстон мурувват, бо душманон мадоро"
кардан мехоҳед. Намешавад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)