islamnews.ru: Гӯшти хук ҳамасола ҳазорҳо нафарро мекушад
Даҳо ҳазор нафарро хатари сироятшавӣ ба вируси гепатити Е аз хук ва маҳсулоти ҳасиби аз гӯшти он таҳияшуда таҳдид мекунад. Ин хулосаи мутахассисони ҳукумати Бритониё аст, навиштааст торнамои islamnews.ru.
Ба иттилои манбаъ, натиҷаи як пажӯҳиш нишон дода, ки ҳамасола ҳудуди 65 000 нафар дар пайи истеъмоли маҳсулоти ҳасибии хуб коркарднашудаи хук ба ин вирус сироят меёбанд.
10 дар сади маҳсулоти ҳасибӣ метавонад дар худ ангезандаи хатарборро дошта бошад, ки ба мушкили гурда ва ҳалокати занҳои ҳомила сабаб мешавад, хабар додааст The Daily Mail. “Мутахассисони ҳукуматӣ аҳолиро аз хатари таҳияи ғизоҳо аз гӯшти хук, ки на ҳамеша имкони маҳви вирусҳои гепатитро дорад, огаҳ сохтаанд. Бахши аъзами қурбониён мардони аз 50 сола болоянд”,-менависад манбаъ.
Гуфта мешавад, ки вируси мазкур дар организми 85 дар сади хукҳо мавҷуд аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |