Бахшҳо

“Ишқу ошиқӣ” дар Ғончӣ боиси куштори ду мард шудааст

Мақомоти пулиси вилояти Суғд мегӯянд, давоми як ҳафтаи ахир дар ноҳияи Ғончӣ ду ҷиноятӣ одамкушӣ сабт шудаанд, ки дар заминаи “ишқу ошиқӣ” ё худ муносиботи маҳрамонаи ғайрирасмӣ сар задаанд.

Тавре аз дафтари матбуотии Раёсати умури дохилии вилояти Суғд ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дар пайи ин ҳодисаҳо ду марди 35-сола ва 39-сола аз ҳаёт маҳрум шудаанд.

Ба иттилои манбаъ дар куштори якум сокини 61-солаи ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Ғончӣ муттаҳам мешавад, ки тибқи фарзияи тафтишот дар ҳолати мастӣ Шўҳрат Файзуллоеви 39-сола, сокини шаҳри Истаравшанро, ки бо духтараш ғайрирасмӣ ҳамзистӣ мекардааст, бо корди хоҷагӣ зада ба ҳалокат мерасонад: “Тафтишот муайян кардааст, ки ҷабрдида расман оиладор буда, 5 сол инҷониб бо пешбарии хоҷагии умумӣ духтари гумонбаршударо ба занӣ гирифтааст.”

Инчунин манбаъ илова намуд, ки дар пайи дузанагӣ ё худ муносибатҳои зану шавҳарии ғайрирасмӣ дар ҳафтаи охир як сокини дигари 35-солаи Ғончӣ низ ба ҳалокат расидааст: “Дар куштори Ҳикматулло Рустамови 35-сола маҳбубаи 38-солааш муттаҳам мешавад, ки ба иттилои тафтишот дар дохили мошини «Opel-Vectra» ӯро корд зада мекушад.”

Мақомоти пулис мегӯяд, феълан аз рӯи ин ду ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
басманда
чинояткори дар нохияи Гончи давоми солхои охир ба дарачаи аълояш расидааст ва макомот факат маишат, хайр агар муаллим чандин сол аст, ки раиси нохия аст, дигар гап нест. Раис бояд, ки иктисодчи ва аз хукук бархурдор бошад, набошад дар байни халк кор карда наметавонад ва обру намегирад.

гончи ин хел набудку

басманда,
басманда,
басманда,

басманда,
басманда,
басманда,
басманда,
басманда,
басманда,
басманда,
басманда,
басманда,
басманда,

99
Дузаная ҳаққаш ҳамин!
Хуб кардиян!

Худо гирад хаму мардуми алкаши беномус !!! Охир бисер мардуми бефаросати аз фарханг дуранд, албатта хама не, Вале аксарияташ. То чое ман хабар дорам, майзадаги, зино, ишку ошикии зану мардони оиладор ба авчи аьло расидааст. Охир ин то ба кай?!! Мардум аз шариат бисер дур шудаанд! Ман намедонам хукумат чорахои катьи бинад, мардума аз шариат бохабар бояд кард, аз ин амалхои чохилона даст кашанд!!

Нушофарин
ТТавба и занхои Вилояти Сугд чикор кардан, як мох пеш дар Конибодом як марда зани дувумаш аз куштан батар карда буд аз рашк аз холати мардиш махрумаш кард инаш ба куштор даст задаст Худо окибати Занхои Сугдиро ба хайр биёрад...

Ду ҳодисаи куштори қайдшуда банда на нисбат тааҷҷуб, балки зиёдтар боиси таассуф мешуморам, ки инсон умри бе ин ҳам ками худро сарфи чунин шаҳват мекунад ва ба мафҳуми "ишқу ошиқӣ"-и зикршуда лакнат меорад.
Фикр мекунам ба талаботи жанрии хабар ҷавобгӯ набошад ҳам. дар лид ба ҷои "мард" ду булҳавас менавиштан ҳам ҳеҷ муболиғае набуд. Бо вуҷуди ҳодисаи бисёр нохуш буданаш ва ду фард (на инсон) аз ҳаёт маҳрум гардиданашон сидқан заррае ба ғам хӯрдан, дилсӯзӣ кардан намеарзад. Зеро онҳо на бо амри тақдир ва на аз дасти бемории беамон, балки аз дасти нафси ғафси худ мурдаанд. "Хас каму ҷаҳон пок!"

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)