Бахшҳо
02 апр 2014 10:12Тоҷикистон / Тема дня

Раиси тозатаъини Убайдуллоев ва пешравиҳо дар “Саховат”

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ба далели вазъи бади молиявии бозори “Саховат” раиси он, Ҳаким Каримовро аз мақомаш барканор карда, ба ҷои ӯ Халил Бобоевро таъин кардааст.

Ин нуқтаро дар суҳбат бо “Озодагон” Сайфулло Амонов, сардори раёсати рушди иқтисод ва савдои Душанбе таъйид карда, афзуд: “Таҳлилҳои аввали соли равон нишон доданд, ки бозори Саховат дар вазъи бади молиявӣ қарор дорад. Муайян шуд, ки бозор аз барқ, андоз ва дигар ниҳодҳо беш аз 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ қарздор аст.”

Амонов таъкид намуд, ки бо назардошти ин омилҳо раиси шаҳр мудирияти бозори Саховатро иваз кард. Ба гуфтаи Амонов дар аҳди раиси нав-Халил Бобоев баъзе пешравиҳо аллакай мушоҳида мешаванд: “Танҳо қарздорӣ аз барқ, ки аввали соли равон 190 ҳазор сомонӣ буд, ҳозир то ба 90 ҳазор сомонӣ кам шудааст. Аллакай 100 ҳазор сомонӣ ҳаққи барқро пардохт кардаанд.”

“Саховат” аз ҷумлаи калонтарин бозорҳои шаҳри Душанбе мебошад, ки ба моликияти коммуналии шаҳрдорӣ ворид мешавад.
Мӯҳр
Иншооллох ахволи фурушандахои Саховат хуб мешавад. Вале, агар Огои Убайдуллоев ба дарди дили дигар фурушандахои бозорхои пойтахт аз назик бе пешниходи маълумоти ёрдамчиёну чонишинон, раисону "шахсони масъул" шинос мешуд, нуран аъло нур шуда, баъд мефахмид, ки гап дар кучо будааст. Раисони коррупсионерро латаашон дар об мезад ва мардум бо овози баланд мегуфтанд - ОФАРИН УБАЙДУЛЛОЕВ бо ин чуръат ва чавонмардият! Бозор оина ва симои шахр аст.

Сорбон дар кометарияаш ба Раиси шахри Душанбе Убайдуллоев аз пулситонии раисони бозорхои пойтахт шикоят кардааст. Хуб мебуд, ки бо факту ракамхо ба сайти раиси шахр Убайдуллоев, сайти Агентии коррупсия ва сайти Генпрокуратура ё хаттй мурочиат кунад. Ду чумла... ё телефон. Он тарафаш ба кавли мо дело техники. Мо чунин шахсони конуншикан ва коррупсионерро кофта истодаем. Натарс, руирост гуй. Дар байни мо баномусу говчигархо бисёранд.

Офарин, шогирди шодравон Хувайдуллоев мукобили конуншикандахои Убайдуллоев. Кумак даркор бошад, яъне килро аз хамир чудо карданба танкисй кашетон, ба мо собикадорон мурочиат кунед. Худоро шукр бо чунин чучухои конуншикан зурамон мерасад.

салом бародарон барои чи бозори корвон бе назорат аст чи хеле хохад ин нуршед кардан мегирад боз пули ичораро 35 фоиз зиед кардааст чи бесохиби аст дар ин бозор магар додгохои мо кор намекунанд чи бало аст ба ки арз кунем илтимос чопаш кунед

Ба Точирча. Дарди ту бахайрай. Бозори овозадори Шохмансура фаромуш накунен. Дар ича 35 фоиз не 100 фоиз пулситонира кимат карданд. Хучаинои бозор мегуян ки худамон шоху таъбамон вазир ай. Зато дар борло тгой дорем.

точир
Маълум ки раиси бозори саховат вактои ахир доляра кам медодай-да! вагарна фаркаш чи барои мардуми одди ва точир ки чи касе бошад хамашон аз аввал як кам худро иншон медиханду баъд худашон раису табъашон вазир факат дузди барои кисаи худ. Саховат гаронтарин бозор дар точикистон аст. нарх дар тори осмон, зеро налогаш хам потолок((((((((((((((((((((

донишчу
Неки рост гуфти Кодир. Офарин бохабар бдай. Чор дона черепич кати фурушандагонро горат уарданиян. Максад чамъ кардани сарват боки хамаш другай худ намоиштихи. Авали омаданаш фаъол буд ак хавсалаш тамом шида харочотора пушониданист. Шарм доштан даркор......

Чаро Президенти ЧТ бо тамоми кишри чомеа мулокот ончом додаасту бо фурушандагони бозорхо, махсусан бо фурушандагони бозорхои пойтахт сухбат - вохурй барузор накардаанд. Ё аз руи протоколи Убайдуллоев нест. Худи фурушандахо бояд вакили худро ба мулокоти Чаноби Олй фиристанд. Лаганбардорону падхалимон бояд ба вохурй рох дода нашаванд. Онхо чунон Убайдуллоеву раисони бозорхоро таъриф мекунанд, ки Чаноб ба онхо ордену медал медихад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)