Бахшҳо
02 апр 2014 15:59Тоҷикистон / Иқтисодӣ

АКС: Раҳмон хост пойбандии Тоҷикистон аз гӯшту шири воридотӣ кам шавад

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар доираи сафари корияш ба Суғд корхонаи истеҳсоли 10 тонна ширро дар як шабонарӯз ба истифода дода, дастур додааст, ки пойбандии Тоҷикистон дар бахши маҳсулоти гӯштию ширӣ аз хориҷ коҳиш ёбад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи корхонаи ширбарорӣ таъкид кардааст, ки чунин корхонаҳо бояд дар сартосари кишвар ба фаъолият оғоз кунанд, то воридоти маҳсулоти гӯштӣ аз хориҷ коҳиш биёбад.

Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ҳамзамон дар маросими ифтитоҳи меҳмонхонаи 4 ситорадори Хуҷанд -делюкс ширкат намудааст. Ба гузориши дафтари хадамоти матбуотии раисиҷумҳур ин меҳмонхона аз тарафи соҳибкор - Абдуқодир Абдураҳмонов ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ бунёд шудааст. Дар меҳмонхонаи Хуҷанд -делюкс худи ҳамин рӯз хатнатуйи 50 кӯдакон аз хонаводаҳои камбизот баргузор гардидааст.

Дар доираи сафари кории худ Эмомалӣ Раҳмон инчунин маркази таълимии истеҳсоли ҳунарҳои мардумии қолинбофӣ ва гулдӯзию зардӯзии Шерозро ба истифода додааст, ки дар назди ҶСШК “Зиннат” бунёд шудааст.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, қолинҳои дастбофи тоҷикӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ харидории худро аз даст дода, ҳамакнун соҳибкорони ҳуҷандӣ аввалин шуда ба ин кор таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд. Гуфта мешавад, ки барои ҷорӣ намудани усулҳои эронии қолинбофӣ 3 нафар бонуи мутахассис аз Эрон даъват шуда, давоми сол бо занону духтарони тоҷик омӯзиш хоҳанд гузаронд.


АКС: Раҳмон хост пойбандии Тоҷикистон аз гӯшту шири воридотӣ кам шавад

АКС: Раҳмон хост пойбандии Тоҷикистон аз гӯшту шири воридотӣ кам шавад

АКС: Раҳмон хост пойбандии Тоҷикистон аз гӯшту шири воридотӣ кам шавад
Мӯҳр
Тадбиршо
ТАВРҶҶУҲ
мегум дар Шаҳритус ва Носири Хисрав барои худнамоӣ ва фиреб кардани прездент харбузаҳоро аз дигарҷо бурда бо скоч дар полез часпонде. Ин кор тақрибан шуданӣ буд. Ҳоло ман дар ин фикрам ки дар сафари баъдии президент ба Суғд барои иҷрои супориши президент ронҳои фарбеҳи говҳои бразилягӣ ё галандиягиро чигуна дар бадани говҳои нимҷони тоҷикӣ печаспонда бошанд?! аз ҳама сахттар заправка кардани ширҳои воридотӣ ба пистони говҳоӣ ватанӣ хоҳад буд.
Ана баъд ТВ 24 соат аз тадбири ХИРАДМАНДОНАИ ҶАНОБИ ОЛӢ барои сершир шудани говҳо ва фигурадор шудани говҳо мегуяду мегуяд...

Адолатхох
Ман нафахмидум, ки напахмидум. Меган ки сатхи камбизоати дар Точикистон 38 фоиз шудай. Хар руз 50 -100 кудакхоро аз оилахои камбизоат хатнасур кардестанд. Хеч ба мантик рост наомад да. То ба кай дуруг. Гушт хатман 40 сомони ва шир 5 сомони мешавад баъд аз кушодани чунин корхона.

Фахр
Дарвокеъ мардуми Сугд захматкашанд. Офаринашон бод.

1
Агар почаи "бушу"гушти куттоси хинди набошад мо кайхо поча дароз мекардем ха ха.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)