Бахшҳо

Ифшои ҷузъиёти "ҷосусӣ"-и се зан ба нафъи Тоҷикистон дар Узбакистон

Ахиран, иттилои бештаре дар мавриди парвандаи ҷиноӣ нисбат ба се зан дар Узбакистон, ки дар ҷосусӣ ба нафъи Тоҷикистон муттаҳам мешаванд, маълум гардид, хабар медиҳад 12news.uz.

Ба иттилои манбаъ, қазияи мазкур соли сипаришуда сару садоҳои зиёдеро ба бор овард, аммо на ҳама овозаҳо атрофи он дуруст будааст. Миёни мардум хабарҳо паҳн шуд, ки мақомот гуруҳи бузурге аз занҳоро бо иттиҳоми ҷосусӣ дастгир намудааст, аммо маълум шуд, ки танҳо се нафар боздошт гардидаанд. Онҳо худро танфурӯш ба намоиш дода, дар қаҳвахонаи шахсие фоҳишахона табдил додаву онҷо низомиён ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро меовардаанд.

12news.uz навишта, ки ин гуруҳ дар вилояти Сурхандарё ба ҷамъоварии маълумот дар бораи қисмҳои низомии дар қаламрави ин вилоят ҷойгирбуда, ҳарбиён ва аслиҳаи он машғул будааст.

“Ин ҷосусзанҳо ҳамчунин кормандони прокуратура ва шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияҳои Сари Осиёву Узун, ҳамчунин шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ барои иқомати доимӣ ба ин минтақа омадаанд, ба фоҳишахона даъват мекардаанд. Бо талаби фармоишгарон аз Тоҷикистон онҳо маълумотҳоро ба таври хаттӣ ирсол мекардаанд. Ба ҷуз ин аксҳои ба воситаи телефони мобилӣ ва дастгоҳи суратгирӣ бардоштаи худро низ мефиристодаанд”,-меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, маҳкумшудаҳо -- Хуршеда Бобоҷоноваю Нигора Қодирова шаҳрванди Узбакистон буда, Марҳамат Пулодова, табааи Тоҷикистон мебошад.

Додгоҳи вилоятии Сурхандарё моҳи июли соли 2013 ҳар кадом аз ин занҳоро барои 14 солӣ аз озодӣ маҳрум намуд.

“Аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Сурхандарё ба мо гуфтанд, ки ҷониби Тоҷикистон талоши анҷоми фаъолиятҳои ҷосусиро дар қаламрави Узбакистон ҳануз ҳам хотима намедиҳад”,-навиштааст манбаъ.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)