Ҳимояти рустаборони Тоҷикистон аз пайвастшавии Қрим ба Русия

Рустаборони вилояти Хатлони Тоҷикистон бо пахши як изҳорот аз пайвастшавии Қрим ва шаҳри Севастопол ба Русия ҳимоят кардаанд.
Рустаборони вилояти Хатлон изҳори нигаронӣ кардаанд, ки гурӯҳи экстремистӣ дар Украина талоши ҳал кардани тақдири бародарону хоҳарони русро дорад. Рустаборони Хатлон гуфтаанд, ки шаҳри Севастопол рамзи баҳрии ҷасорати мардуми Русия буда, сокинони ин шаҳр қарори дигар ҳам бароварда наметавонистанд.
Рустаборони Хатлон дар муроҷиат ба Игор Семенович, сафири Русия дар Тоҷикистон гуфтаанд, “муҳтарам Игор Семенович, мо гурӯҳи рустаборони Тоҷикистон аз сиёсати Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар мавриди қабули Қрим ва шаҳри Севастопол ба ҳайати Русия дастгирӣ карда, ин қарорро саривақтӣ ва дуруст мешуморем. Мо қабл аз ҳама аз ҳаёти собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки муқими Украина ҳастанд, хеле нигаронем. Мо зидди низоъ дар Украина ҳастем. Зеро пайомади он метавонад бадбинӣ, харобкорӣ ва бесарсумонӣ бошад.”
Рустаборони Хатлон бо зикри ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон тариқи сафири Русия аз Кремл ва дипломатҳои дигар хостаанд, барои муътадилсозии вазъ дар Украина тамоми талошро сарф кунанд.
Рустаборони вилояти Хатлон дар ҳоле изҳорот пахш мекунанд, ки ҳукумати Тоҷикистон то имруз дар робита ба ҳаводиси Украина ва ҳамапурсӣ дар Қрим барои ворид шудан ба ҳайати Русия мавқеи расмии худро баён накардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |