Бахшҳо
03 апр 2014 19:07Тоҷикистон / Иқтисодӣ

АКС: Паёми Ли Е Чин аз арзонию фаровонии семент дар Тоҷикистон

Ли Е Чин, мудири генералии ширкати Хуасини Чин, дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зиёд намудани иқтидорҳои мавҷудаи сементбарорӣ ва бунёди корхонаҳои навро баррасӣ кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқот зикр гардид, ки имрӯз, 3-юми апрел, сохтмони корхонаи дуюми ин ширкати азими чинӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иқтидори солонаи 1 миллион тонна семент ва 1000 ҷойи корӣ оғоз ёфт: “Корхонаи якуми он бо ҳамин иқтидор ва ҳамин қадар ҷойи корӣ дар ноҳияи Ёвон фаъолият дорад. Ҳардуи ин корхонаҳо бо саҳмгузории муштарак бо ширкати ватании Ғаюрсемент бунёд ёфтаанд.”

Ба иттилои манбаъ ширкатҳои Тоҷикистону Чин минбаъд тасмим доранд, ки иқтидори корхонаи Ёвонро ба 1,4 миллион тонна расонанд ва боз як корхонаи дигари семент дар ноҳияи Данғара бо иқтидори 1,5 миллион тонна бунёд намоянд: “Корхонаи Данғара низ бо харҷи 100 миллион доллари амрикоӣ бунёд меёбад ва дар он 1000 нафари дигар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.”

Ҷонибҳо таъкид кардаанд, ки дар сурати фаъол шудани ин ду корхона истеҳсоли семент дар Тоҷикистон аз талабот барзиёд шуда, кишвар ба содиркунандаи семент табдил меёбад.

Феълан талаботи Тоҷикистон ба семент аз ҳисоби воридот аз хориҷ, аз ҷумла Покистон таъмин мегардад.

АКС: Паёми Ли Е Чин аз арзонию фаровонии семент дар Тоҷикистон

АКС: Паёми Ли Е Чин аз арзонию фаровонии семент дар Тоҷикистон

АКС: Паёми Ли Е Чин аз арзонию фаровонии семент дар Тоҷикистон

АКС: Паёми Ли Е Чин аз арзонию фаровонии семент дар Тоҷикистон

АКС: Паёми Ли Е Чин аз арзонию фаровонии семент дар Тоҷикистон

АКС: Паёми Ли Е Чин аз арзонию фаровонии семент дар Тоҷикистон
Мӯҳр
99

Эрон ҳам мехост дар данғара заводи семент созад. Вале, насохт.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)