Аслов бо ҳамтоёнаш дар Маскав сиёсати хориҷиро баррасӣ мекунад
Сироҷидин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, имрӯз 4 апрел, дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Маскав иштирок мекунад.
Тибқи иттилои маркази матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, зимни ин ҳамоиш ҳамкориҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои аъзои ИДМ, таъмини амният дар минтақа, таҳкими системаи назорати гардиши маводи нашъаовар, ҳамкориҳои давлатҳои аъзо дар соҳаи рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, тандурустӣ, варзиш, ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ мешаванд.
Ин ҳамоиш дар ҳолест, ки рӯзи 3 апрел дар шаҳри Маскав ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор гашт, ки дар он муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров иштирок кард. Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон зимни ин ҷаласа интихоботи карибулвуқӯи президентӣ дар Афғонистон, вазъият дар шимолу ғарбии Сурия ва масъалаҳои сиёсати хориҷӣ, амният ва мудофиа барои нимаи дуюми соли 2014 - нимаи якуми соли 2015 мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |