Исми ғолибони озмуни “Зан соҳиби замин” эълон мешавад
Имрӯз, 4 апрел исми ғолибони озмуни “Зан соҳиби замин” эълон мешавад.
Тавре аз Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Тоҷикистон хабар доданд, ғолибон дар маросими вижае, ки дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe баргузор мегардад, қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Озмуни “Зан соҳиби замин” аз 6 декабри соли 2013 барои занҳое эълон шуд, ки дар қаламрави вилояти Хатлон зиндагӣ мекунанд ва роҳбарии хоҷагиҳои деҳқонӣ-фермериро ба уҳда доранд.
“Давоми чор моҳ Кумитаи коршиносони озмун, ки аз ҳисоби масъулони вазорат, кумитаҳои дахлдори давлатӣ, ҳамчунин ташкилотҳои ҷаъмиятӣ созмон ёфта аст, садҳо ариза-анкетаи иштирокчиёни озмунро мавриди баррасӣ қарор дод. Ҳамчунин барои санҷидани далелҳои дар ариза-анкетаҳои ширкаткунандагон овардашуда, ҳайати коршиносон ба маҳали кори онҳо сафар намуд. Дар ниҳоят коршиносон ғолибони озмунро аз рӯи чанд номинатсия муайян намуданд”,-афзуд манбаъ.
Озмуни мазкур аз ҷониби Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Тоҷикистон бо дастгирии молии OXFAM дар Тоҷикистон ва дар хамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оила созмон ёфта, ҳадафи он “ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби занҳо ба самти роҳбарии хоҷагиҳои деҳқонӣ-фермерӣ, инчунин баланд бардоштани нақши фаъолияти соҳибкорӣ тавассути ба даст овардани замини саҳмӣ” гуфта мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |