Бахшҳо
04 апр 2014 11:48Тоҷикистон / Сиёсат

Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро "кишвари ҷавонон" номид

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 4-уми апрел дар доираи сафари корияш ба вилояти Суғд дар қасри фарҳангии Арбоби шаҳри Хуҷанд бо намояндагони ҷавонони лаёқатманди вилоят мулоқот кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро “кишвари ҷавонон” номида, изҳори умед кардааст, ки “ҷавонони мо чун фарзандони асили Ватан барои тараққиёти Тоҷикистони азиз ва таъмини зиндагии шоистаи мардуми сарбаландамон заҳмат кашида, кишвари худро ба давлати пешрафта табдил медиҳанд”.

Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон аз мақомоту фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ хостааст, ҷавононро аз гумроҳӣ ва аз гароиш ба ҳаракату равияҳои бегонаю ифротӣ боздоранд: “Сохторҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар маҷмӯъ ҳамаи аҳли ҷомеаро зарур аст, ки ба масъалаи пешгирии чунин зуҳуроти номатлуб бетарафӣ зоҳир накарда, дар ин самт чораҳои дахлдор ва таъхирнопазир андешанд”.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, зимни мулоқот “масоили вобаста ба таълиму тарбияи босифати насли наврас, бунёд ва навсозию таҷҳизи муассисаҳои таҳсилотӣ, тарғиби варзишгарӣ ва тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷавонон аз ҷинояту ҷинояткорӣ ва аз гароиш ба равияҳои хатарноки ифротӣ, баланд бардоштани масъулияти раҳнамоии волидону омӯзгорон ва кулли аҳли ҷомеа ва ҳамчунин роҳҳои тақвият бахшидани ҳисси ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва ифтихору сарфарозӣ аз таъриху фарҳанги бостонӣ ва давлатдории мустақилли миллӣ баррасӣ шуд.”
Мӯҳр
Болелшик
Бале Чаноби оли чуноне ки медонем алакай бад аз соли 2020 президенти чавон хам интихоб шудагиаст ин хам бошад писари худи шумост.

ф
Факат гапхои баланди бемаъни....

Ростгу
Точикистон кишвари пиронсолон ва занхост, зеро кисми бештари чавонон холо дар мухочиратанд.

Кишвари пири точикон бо саромадонаш Рудакй, Айнй... акнун "кишвари чавон" -и чавони Рустами Эмомалй шуд. Кучост он фарханги хазорсолахои ниёкон? Таърихи 3000-солагии Хисор, 2700-солагии Кулоб, 2500-солагии Уротеппа (Истаравшан), Карону Фархор, Панчаканту Бадахшон... магар фаромуш кардед, мухтарам ёрдамчиёну мушовирони Президенти ЧТ? Худро инкор мекунему боз лофи хазорсолахо мезанем. Шарм доштан даркор. Шуморо хамон Оля Тутубалина рост гуфта будааст. Барои як кайк шуда пустинамонро насузонем. Пустини мо буи Хайёму Хофиз, Саъдию Носир мекунад!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Ariangalada
Тоҷикистон ба ҳеч ваҷх кишвари ҷавонон нест имруз чавони бекори бечораи миллати точик дар ғурбат ва беҳуқуқ саргардону ғуломи русу қазоқ. Вазифаҳои давлати мисли солҳои пешин дар дасти муйсафедони склерозу махалгаро боки мемонад.Ба хотири як Рустамчони шуда ЧТ кишвари чавонон номидан ба вокеияти имруза рост намеояд.

Давлат
Кишвари чавонони бекор -Точикистон.

Salom ! pesh az hama agar Rahmonov siyosatmadori hub mebud pisarashro voridi maydoni siyosat namekard . In kishvar molli javonon nest , chun ki javonon hama dar hijrat dunbolli non megardand. Shoyad manzurash in bud , ki tojikiston to imruz molli man bud aknun molli pisari man meshavad !!!

Хаминам ин намояндагони макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилояти Сугд тагобози кардаанд, дар ончо он чавонхое иштирок кардаанд, ки баъзеашон номашона нависта наметавонанд, бо условия мондаанд, ки иштирок мекуни айпата мегири баъд гашта медихи.

Агар Точикистон кишвари чавонон бошад, пас чаро чавонон дар ватани хеш чойи кори хуб наёфта, ру ба хорича меоранд? Агар Точикистон кишвари чавонон бошад, пас чаро дар макомоти давлати то хол нафакахурон ва сину соли пир кор мекунанд? Точикистонро кишвари чавонон гуфтан, бузро бозию харро ханда меорад.

Aчаб тазоде. Дар кишвари чавон пирхо хукумрони мекунанд. Безорам аз ин дуруг гуфтан, В-ин гавхари бефуруг суфтан.

мусофир
кишвари чавонони дангара

saloma
кишвари чавонони гулому бекор

99
Аниқтараш, кишвари ҒУЛОМҶАВОНОН.

Точикистон кишвари гастерхо

Точикистон кишвари гастерхо

Бехтар мешуд, ки Точикистонро кишвари мухочират мегуфтанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)