Агентӣ мегӯяд аз Бадахшон таппончаи барои истифода коршоям ёфтааст
Кормандони раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президент дар Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон як таппонча дарёфт кардаанд.
“Дар рафти бурдани корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони раёсат аз қишлоқи Ниводак, воқеъ дар наздикии шаҳри Хоруғ таппончаи тамғаи STARSA\CAL қутраш 6,35 мм бе тирҳои ҷангӣ ёфтаанд”,-хабар доданд аз агентии мазкур.
Ба иттилио манбаъ, ташхиси экспертӣ нишон дод, ки таппонча ба гурӯҳи яроқи рахпеч мансуб буда, барои истифода коршоям мебошад: “Аз рӯи ин ҳодиса барои муайян намудани соҳиби яроқ тафтиш рафта истодааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |