Бахшҳо
05 апр 2014 14:31Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Аз марзбандии қирғизҳо кӣ бештар зарар дид?

Қирғизистон ахиран қарор кард, ки гузаргузоҳҳои марзияшро бо Тоҷикистон баъди масдудияти семоҳа боз кунад. “Озодагон” аз коршиносон суол кард, ки дар пайи марзбандии 3 моҳа миёни Тоҷикистону Қирғизистон кадом кишвар бештар зарар дид?

Қаҳрамон Бақозода, мудири маркази сотсиологии “Зеркало”:

Ман ин масъаларо таҳлил накардаам, вале ба назари аввал аз марзбандӣ метавонист Тоҷикистон бештар хисороти иқтисодӣ бинад, чунки Қирғизистон ин як равзанаи мо ба бозори ҷаҳонӣ мебошад. Бастани гузаргоҳҳо боиси баландшавии қимати баъзе аз маҳсулот гардид. Барои мисол баъди марзбандӣ нархи шоколад, сигор ва оби ҷав гарон шуд, ки ин барои аҳолӣ бетаъсир буда наметавонад. Ба ҳар сурат давлати Тоҷикистон аз ин марзбандӣ манфиати иқтисодӣ дошт, чунки бо бастани гузаргоҳҳо воридоти ғайриқонунии молҳо ба кишвар коҳиш ёфта, маҳсулоти лозимӣ тавассути роҳҳои расмӣ ворид шуд. Яъне, ин маънои онро дорад, ки давоми ин моҳҳо аз ҳисоби пардохти боҷи гумрукӣ буҷаи давлат фоида ба даст овард. Аммо аз нигоҳи сиёсиву иҷтимоӣ ҳарду ҷониб зарар диданд, чунки ҳарду кишвар аз нигоҳи сиёсӣ осебпазиранд.

Темур Варқӣ, хабарнигор:

-Аз ин вазъият касе бурд накард. Ин ибрат ва дарси асосӣ аз ин буҳрон аст. Ҳарду ҷониб ҳам зарари иқтисодиву сиёсӣ диданд ва ҳам обрӯяшон коста шуд. Ин таниш бори дигар исбот намуд, ки кишварҳои хурди пасошуравӣ бидуни бародари бузурги худ тавони бартараф кардани низои дуҷониба, ки мерос аз Иттиҳоди шӯравӣ аст, надоранд. Сокинони осоиштаи навоҳии Исфара ва Бодканд, ки ба марказ умед набаста зиндагӣ ва тиҷоратро миёни ҳамдигар ба роҳ монда буданд, хисороти бештар диданд. Ин низоъ эътимоди тарафайн ва мардуми ду ҷонибро коста кард. Аз рузи аввали ин низоъ аз чеҳраҳои аслии ҳарду кишвар даъват доштам, то ин масъаларо бештар бо хунсардӣ баррасӣ ва бартараф намоянд, чун бо ин ҳама мардуми дуҷониб дар паҳлуи ҳамдигар зиндагиашонро идома медиҳанд. Ин гуна мушкилотро намояндагони ҳукумат, дипломатҳо, роҳбарони ҷамоати маҳаллӣ бояд бидуни эҳсосот ва ба манфиати тарафайн баррасӣ ва бартараф намоянд. Худоро шукр, ин низоъ монанди задухурдҳои қирғизҳову узбекҳо дар Бодканд набуд.

Баҳриддин Исомуддинов, мудири иҷроияи Маркази рушди туризм

-Баста шудани гузаргоҳҳо дар натиҷаи баҳсҳои сиёсӣ, қабл аз ҳама ба сокинони наздимарзӣ ва соҳибкорони ҳарду ҷониб зарар расонд. Агар низои мазкур дар мавсими саёҳат рост меомад, ҳатман мо хисорот медидем.

Ҳуриниссо Ғаффорзода, роҳбари Маркази ҷамъияти шаҳрвандӣ ва дастгирии “Оштии миллӣ”

-Ба фикри ман, аз ин ихтилофи назар дар мавриди марз бештар шаҳрвандони Қирғизистон зарар диданд. Тоҷикону қирғизоне, ки дар назди марз ба сар мебаранд, равобити иқтисодии қавӣ доранд. Ин низои марзӣ миёни шаҳрвандон, қабл аз ҳама ба манфиати“роҳбарони ҷадиди Бишкек” буд, чун онҳо хоҳиши аз худ кардани заминро доштанд. Мардуми оддӣ ва сокинони наздимарзӣ ҷонибдори осудагӣ ва ҳарчӣ зудтар бартараф кардани мушкилот ҳастанд.

Ҷамшед Мамадҷонов, хабарнигор:

-Дар натичаи тирпаронии қирғизҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки таърихи 11-уми январ ба вуқуъ пайваста буд, гузаргоҳҳои марзӣ баста шуданд. Аз ин роҳбандӣ қабл аз ҳама сокинони наздимарзии ҷонибҳо зарар диданд. Тиҷорати маҳсулоти ниёзи аввал дар манотиқи наздисарҳадӣ халалдор гардид. Албатта, ин марзбандӣ ба тиҷорати қочоқбандон низ зарба зад, ки ба он бархе аз тоҷирон ва мансабдорони ҳарду кишвар даст доранд. Барои бартараф кардани ин мушкилот ба ғайр аз кумисиюни ҳукуматӣ, ҳамчунин роҳбарони маҳаллӣ ва тоҷирон ширкат доштанд. Чунки дар аввоили моҳи март ҳайати расмии Бишкек ва ҳам намояндагони “Асосиатсияи тиҷорати хурду миёнаи Қирғизистон” барои гуфтушунид бо ҳамтоёни тоҷики худ озими Душанбе шуданд. Ин мулоқот дар ҳошияи “дипломатияи мардумӣ” сурат гирифт. Ин вохурӣ дар ҳалли таниш таъсири мусбат расонид.
Мӯҳр
99
Пат-пати зиёдатӣ!

Бо ма хаёл кадм ягом чизи хурдани мега ай сарт мона оби чавт кати сигаретат бигзор кимат шавад ин касофатои пивахур бас кнан пивахурира

dovud
хеле хуб шоколаду оби чав ва сигор ба мо чи лозим бе инхам хаёт рафтан мегирад зарари зиёд доран ин махсулотхо анакнун точикистон марза бандад мард шавед якбор

ворух
аз бегохи рузи 5 уми апрел боз рохи исфара ворух аз чониби киргизхо баста аст...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)