Паёми Бонки Миллӣ аз коҳиши қурби доллар дар Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, давоми ҳафтаи гузашта қурби доллари амрикоӣ нисбат ба пули миллӣ-сомонӣ коҳиш ёфтааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби доллари амрикоӣ ба ҳисоби миёна то 4,9780-4,9910 сомонӣ паст фаромад: “Аз ҷумла қурби доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Душанбе 4,9790-4,9980 сомонӣ, Хуҷанд 4,9800-4,9900 сомонӣ ва Қӯрғонтеппа 4,9800-4,9900 сомониро ташкил дод.”
Манбаъ афзуд, қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро дар ин давра каме баланд гардида, 0,1388-0,1398 сомонӣ ба як рубли русӣ ва 6,7950-6,8170 сомонӣ ба як евро баробар шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |