Некпай: Абдуллои Абдулло дар интихоботи Афғонистон пешсаф аст

Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори “Озодагон” бо Муҳаммаддовуд Некпай, яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Афғонистон дар мавриди интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ суҳбат кард, ки 5-уми апрел баргузор шуда, интизор аст, натиҷаҳои ниҳоии он 24-уми апрел эълон шаванд. Номзадҳои аслӣ дар ин интихобот Зулмай Расул ва Абдулло Абдулло, собиқ вазирони умури хориҷӣ ва вазири собиқи молия Ашрафғанӣ Аҳмадзай арзёбӣ мешаванд. Хабарнигори Озодагон аз Муҳаммаддовуд Некпай нахуст пурсид, ки тибқи иттилои пешакӣ бар асоси шумориши оро кадоме аз номзадҳо пештоз ҳастанд?
Муҳаммаддовуди Некпай: -Албатта Комиссиюни интихоботи Афғонистон ҳоло расман натиҷаи ниҳоии худро эълон надоштааст, вале иттилои то ин соат ҳокӣ аз он ҳастанд, ки доктор Абдулло Абдулло, номзад аз гурӯҳҳои Ислоҳот ва ҳамгироӣ бо гирифтани бештар аз 50 дарсад райъ пештоз ҳаст. Албатта ин натиҷаи ниҳоӣ нест, шумориши райъҳо идома дорад ва эҳтимол рақамҳо тағйир ёбанд.
Озодагон: Шумо, ки дар Қундуз қарор доред, вазъ дар ин музофот чӣ гуна аст? Инҷо кадоме аз номзадҳо бештари овозро ба даст овардаанд?
Муҳаммаддовуди Некпай: -Бояд тазаккур кард, ки дар музофоти Қундуз 70 дарсади мардум ба тарафдории Абдулло Абдулло овоз додаанд. Ҳамчунин дар вилоятҳои ҳамҷавор Бағлон, Таҳор, Бадахшон, Самангон, дар маҷмуъ дар нӯҳ вилояти шимол ва шимоли шарқӣ Абдулло Абдулло бо гирифтани зиёда аз 50 фисади овоз пешгом буда, ҳамчунин дар манотиқи марказии Афғонистон, монанди Бомиён, Майдон-варақ ва Дойкундӣ пирӯз дониста мешавад.
Озодагон: Аммо ситоди интихоботии номзад Ашроф Ғанӣ Аҳмадзай дар саҳфаи Фейсбукии худ эълон дошт, ки номзад Абдулло Абдулло дар саросари Афғонистон ҳамагӣ 27 дарсад овозро ба даст овардааст. Ин иттилоъ то куҷо дақиқ аст?
Муҳаммаддовуди Некпай: -Он оморе, ки ситоди номзадҳо медиҳанд он наметавонад дақиқ бошад. Натиҷаи ниҳоиро кумисиюн ҳоло эълон надоштааст. Ба ҳисоби пешакӣ номзад аз гурӯҳи Ислоҳот ва ҳамгироӣ- Абдулло Абдулло метавонад пирӯз бошад.
Озодагон: Дар ҳамин маврид расонаҳои дохили Афғонистон чӣ мегӯянд?
Муҳаммаддовуди Некпай: -Дар мавриди интихобот ва пирӯзии кадоме аз номзадҳо то замони эълони натиҷаи расмӣ ҳар соҳибназаре метавонад назари худро дошта бошад. Вале он қатъӣ нест. Бадбахтона дар он манотиқе, ки номзад-Абдулло Абдулло тарафдорони бештар дошт, онҷо баргаҳои овоздиҳӣ камтар фиристода буданд. Барои мисол дар манотиқи ҳазоранишин баргаҳои райъдиҳӣ то ҳадде кам буданд, ки то соати 11-и субҳ тамом шуданд. Дар ин манотиқ ҳудуди 60 дарсади мардум натавонистанд овоз бидиҳанд. Гурӯҳи дигар баргаҳоро оташ заданд ва ё пора карданд, чунки роҳи зиёдро то марказ тай карда буданд. Бори дигар ба таъкид мегӯям, ки танҳо дар он манотиқе, ки доктор Абдулло Абдулло нуфузи бештар дошт, онҷо баргаҳои райъдиҳӣ кам фиристода шуданд. Дар дигар манотиқ камбуди баргаҳо ба мушоҳида нарасиданд.
Озодагон: Вале матбуоти Аврупо ва Шарқ мегӯянд, ки интихоботи навбатии Афғонистон дар минтақа назирро надошт. Ба назари шумо ин интихобот аз интихоботи 4 сол қабл чӣ тафовут дошт?
Муҳаммаддовуди Некпай: -Масъалаи муҳим дар ин интихобот ин ширкати мардум буд. Воқеан мардум гуруҳ-гуруҳ рафтанд ва овози худро доданд. Новобаста аз таҳдид ба ҷонашон, мардум бо шавқ мерафтанд пойи сандуқи райъ ва овози худро медоданд. Ин барои мо бисёр хушоянд буд. Мустақилона ширкат кардани мардум, хеле хуб буд. Ман мушоҳида кардам, ки ин навбат ҳатто пиронсолони ҳудуди 80 сола, ик имкони роҳат роҳ рафтанро надоштанд, бо ароба рафта, овози худро медоданд. Ин дар соли 2009 ба мушоҳида намерасид.
Озодагон: Фишор болои гуруҳҳо буданд? Худи шумо дар вилояти Қундуз оё ҳеч нақзи қонунро барои райъдиҳӣ мушоҳида кардед ё хайр?
Муҳаммаддовуди Некпай: -Албатта нақзи меъёрҳо ба чашм мерасиданд. Сару садо ҳам дар ин маврид зиёд шуд. Баъзе аз чеҳраҳои мақомот аз нуфузи худ сӯиистифода мекарданд. Барои мисол ман як наврореро дар сафҳаи Ютуб дидам, ки як хонум-вакили Шурои вилояти Таҳор буд, чӣ гуна миёни занон ташвиқ мебурд, то ба тарафдории Ашроф Ғанӣ Аҳмадзай овоз бидиҳанд. Ин хонуми вакил ҳам то ҳадде таблиғ мекард ва ҳатто занонро маҷбур мекард, то бираванд пойи сандуқ ва райъи худро ба тарафдории ин номзад бидиҳанд.
PS: Дар лаҳзаҳои таҳияи мусоҳиба, доктор Абдулло Абдулло дар сафҳаи фейсбукии худ навишт, ки овозаҳои паҳншуда дар мавриди сӯиқасд ба ҷони ӯ бардурӯғ буда, дар Афғонистон вазъ ором аст!
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |