Бахшҳо
09 апр 2014 12:38Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Занҷонӣ дар бораи гумшавии миллиардҳо евро: "Ман танҳо нестам"

Бобак Занҷонӣ, миллиардери боздоштшудаи эронӣ иқрор кардааст, ки дар моҷарои “азхудкунӣ”-и беш аз 3 миллиард еврои кишвараш танҳо ӯ гунаҳгор намебошад.

Тибқи иттилои расонаҳои эронӣ, Амир Аббос Султонӣ, узви Кумитаи тафтишот ва таҳқиқи қарзҳои Занҷонӣ гуфтааст, “Ин миллиардер иқрор кард, ки онҳо як гуруҳ ҳастанд ва ӯ танҳо як нафари зоҳирии ин моҷарост.” Султонӣ дар идома афзуда, ки мақомоти Эрон аз аввал бар ин бовар буданд, ки дар ин қазия танҳо Занҷонӣ даст надорад: “Ӯ наметавонист, ба танҳоӣ ин корро анҷом диҳад, бо ҳимоят ва пуштибонии гуруҳе ин корро анҷом додааст, ки мо аз аввал инро медонистем.

Узви Кумитаи тафтишот ва таҳқиқи қарзҳои Занҷонӣ аз поёни баррасии парвандаи миллаирдер бо ҳамдастонаш хабар дода, изҳор доштааст, “баҳси хилофкориҳои Бобак Занҷонӣ ва тиме, ки ӯро ҳамроҳӣ ва ҳимоят мекарданд, дар нимаи аввали сол баста хоҳад шуд.” Ӯ аз ифшои ҷузъиёти иқрори миллиардери боздоштшудаи эронӣ худдорӣ намуда, далели хомӯшии мақомоти Эрон дар ин робитаро махфӣ будани парванда арзёбӣ кардааст.

Ин дар ҳолест, ки дар пайи муроҷиати Ситоди мубориза бо фасоди иқтисодии Эрон ба Вазорати умури хориҷии ин кишвар барои бозпас овардани сармояҳои Бобак Занҷонӣ, ин миллиардери эронӣ розӣ шуда буд, қарзҳои худро ба давлат баргардонад.

Тибқи иттилои Хабаргузории “Форс”, Ҳусейн Деҳдаштӣ, узви Маҷлиси Шӯрои исломӣ ва Кумитаи муштараки комиссияи энержии Эрон гуфта буд: “Агар Занҷонӣ қавли додаи худро иҷро кунад, мушкилаш ҳал хоҳад шуд, дар сурати ғайр бар асоси шикояти вазорати нафти Эрон ба суроғи амволаш хоҳанд рафт.”

Бобак Занҷонӣ, ки аз ӯ “дӯст”-и бархе аз мақомдорони тоҷик низ ном бурда мешавад, 30 декабри соли гузашта дар Эрон боздошт ва баъдан ба зиндони Эвини ин кишвар интиқол ёфт. Мақомоти Эрон эълон карданд, ки Занҷонӣ барои "гум шудан"-и 2 миллиарду 60 миллион евро пули марбут ба Вазорати нафт, ки шахси воқеӣ набояд онро дар ҳисоби худ дошта бошад ва аз он барои сармоягузорӣ истифода кунад, муттаҳам мешавад. Ин миқдор пуле, ки миллиардери эронӣ гуфтааст, онро тавассути Бонки миллли Тоҷикистон ба кишвараш интиқол дода, санад ҳам дорад. Аммо вакилони парлумони Эрон ин санадро ҷаълӣ ё қалбакӣ хонда, Бонки миллии Тоҷикистон ҳам анҷоми як чунин амалиёт тавассути ин бонкро расман рад кард.

Номи Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ замоне дар Тоҷикистон маъруф ва сархати расонаҳои хабарии кишвар қарор гирифт, ки сармояҳои ӯ вориди Душанбе шуд. Дар Тоҷикистон ҳоло ду тарҳ, ширкати “Осиё Экспресс”, соҳиби нави автовокзали пойтахт ва бонки «Kont Investment Bank», ки қароргоҳаш дар Душанбе мебошад, ба Занҷонӣ марбут дониста мешаванд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)