Бахшҳо
09 апр 2014 15:46Тоҷикистон / Сиёсат

САҲА: КМИР нахост, муҳоҷирон дар пешбарии номзадҳо ширкат кунанд

Параскива Бадеску--раҳбари ҳайати нозирони Дафтари инстутутҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА (ОБСЕ), имрӯз, 9-уми апрел зимни ироаи хулосаи ниҳоии ин созмон дар мавриди интихоботи президентии Тоҷикистон гуфт, мақомоти тоҷик аз 34 пешниҳоди ин созмон аксарияташонро рад кардаанд.

Бадеску аз ҷумла изҳор дошт, ки миёни пешниҳодҳои радшуда, аксарашон калидӣ буданд. Ӯ зикр намуд, ки бо назардошти теъдоди зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар САҲА пешниҳод намуд, муҳоҷирони тоҷик барои ҷамъи имзоҳо зимни пешниҳоди номзадҳо ба раёсати ҷумҳурӣ ҷалб гарданд.

Бадеску илова намуд, ки ин пешниҳодро Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон ба далели он, ки дар қонунҳои кишвар пешбинӣ нашудааст, рад намуд.

Интихоботи раисиҷумҳури Тоҷикистон 7-уми ноябри соли 2013 сурат гирифта, Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ бо гирифтани аксари оро барои бори 4-ум раҳбари давлат эълон шуд.

Параскива Бадеску дар лаҳзаҳои аввали эълони натиҷаҳои интихоботи президенти Тоҷикистон гуфта буд, ки Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар ин дафъа фаъолияти озод ва шаффофтар дошт: “КМИР бо нозирони мо ва инчунин бо нозирони созмонҳо ва кишварҳои дигар ҳамкорӣ мекард. Аммо ин маъно нест, ки КМИР хеле олӣ фаъолият дошт. Боз ҷиҳатҳое дар фаъолияти КМИР ҳаст, ки беҳбудӣ мехоҳад. Мо омодаем дар оянда ба хотири беҳтар кардани фазои интихоботӣ дар Тоҷикистон бо КМИР ҳамкорӣ дошта бошем.”
Мӯҳр
Дар Точикистон инхтихобот хеч вакт шаффофу демократи нашудааст. Мо ба САХА ва дигар институтхои хукуки чахони мегуям,ки чораи ноодили Точикистонро сахт дида бароянд

муаллим
ба умеди саха ва смм ва г. нашвем,ин созмохо дар фикри манофеъи худ хастанд .харгох манофеъашон бароварда шавад парвои чизеву касе надоранд.мусибати миллат ин чост ки ба умеди дигаронем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)