Бахшҳо
11 апр 2014 14:27Тоҷикистон / Сиёсат

Муроҷиати “ҷабрдида”-и таҷовуз аз болои Шуҳрат Қудратов ба додгоҳ

Моҳира Бобораҷабова – духтаре, ки Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари Ҳизби Тоҷикистони навро, дар таҷовуз ба номус муттаҳам мекард, акнун аз гиребони вакили мудофеъ Шӯҳрат Қудратов гирифтааст. Ӯ бо ирсоли аризаи шикоятӣ ба Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе гуфтааст, Қудратов дар мурофиаҳои додгоҳии Зайд Саидов гӯиё шаъну шарафашро паст задааст.

Дар ин бора ба “Озодагон” Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов хабар дода, афзуд, Моҳира Бобораҷабова бо ҳамроҳии модараш -- Гулнора барои паст задани шаъну шарафи худ аз ӯ 200 ҳазор сомонӣ, муодили 40 ҳазор тдоллар ҷуброни зарари маънавӣ мехоҳанд. Ӯ дар шарҳи аризаи даъвогии Бобораҷабоваҳо афзуд: “Дар ариза омадааст, гӯиё ман дар интернет нисбат ба ин ду хонум маълумоти бардурӯғ паҳн кардаам ва таҳқиру ҳақоратро ба унвонашон раво дидаам. Мушаххасоти ин иддао, то ки донам сухан аз хусуси кадом амалу рафторам меравад, ҳанӯз бароям номаълум аст. Дар аризаи даъвогӣ аз ин ҷузъиёт ҳарфе нест ва дар ин маврид ишора ба фиттае бо сабти овоз меравад, ки дастрасии онро додрас ба шарте имконпазир донист, ки дар ин хусус хаттӣ муроҷиат намоям.”

Қудратов мегӯяд, аризаи даъвогии мазкур идомаи фишор ба вакилони дифои Зайд Саидов мебошад. Пештар аз ин, Фахриддин Зокиров, вакили дигари Зайд Саидов низ ба иттиҳоми ҷинояти иқтисодӣ боздошт шуда, тафтишот алайҳи ӯ идома дорад.

Соли гузашта бо даъвои Моҳира ва Гулнора Бобораҷабоваҳо духтару модараш Оҷонсии зидди фасоди молии Тоҷикистон алайҳи Зайд Саидов "барои таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ ва ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан" парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда буд ва ҳатто иддао пеш гузошт, ки “ҷабрдида” аз Зайд Саидов соҳиби фарзанд мебошад. Аммо баъдан ташхиси ДНК ин иддаоро рад кард ва додгоҳ парвандаро барои тафтишоти иловагӣ бозгардонд.

Номи Моҳира Бобораҷабова баъд аз он вирди забон шуд, ки тобистони соли гузашта дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аксҳои ӯ, ки баъди рӯбарӯкунӣ бо Зайд Саидов, дар лаҳзаҳои берун рафтан аз Боздоштгоҳи муваққатӣ гирифта шуда буданд, нашр гардиданд.
Мӯҳр
Хидира
Хай ба гуфтаи шумо ин Зайд дар соли 2008 тачовуз кардааст вале чаро имруз даъво мекунад намешуд,ки дар хамон вакт даъво мекард?

и Мохирашам як чй... будаст а.

беном
Ному шаъну шарафи духтарони покро ана хаминхел духтархо паст мезананд,ногуфта намонад ки ин духтар сад дар сад дар хаки З.Саид тухмат кардааст ва худо шохиди поку ягона аст...ин дунё мегузарад аммо дар фикри чавоби он дунё шудан лозим.Тухмат бенихоят чазои сахт дорад...дар он чо ягон прокурор ва суду адвокат фоидаат намекунад.....Аз худо тарсед ва аз тухмати нохак даст кашед!!!!

шухрат
акаи Шухрат,таёритона бинед ин огози бози аст,бо хаминел тухматхо нисбати Шумониз парванда боз карда назди З.Саидов равона мекунанд.

Яъкуб.
Ачоиб. Аз сабабе,ки Кудратов адвокати З.Саид хаст аз хозир маълум хаст,ки ин мурофиа ба фоидаи ин <духтарак>анчом меебад.

эээ охи ДНК гуфт ай Зайд набудааст и Мохираш бизнесша ёфтаст мардхакора суд када

Барои "расидан ба мақсад" ҳамаи воситаҳо равоанд!

ном
olim,
ба фикрам нав фикр кард, ки ун корое,ки акаи ЗАйд катиш мекард ин тачовуз будаст

abdullo
salom ozodagon: haminheli zanho boz dar borai sha,nu sharaf harfzada shikoyat mekunand, agar tu sha,nu sharaf,nomus medoshty yo pok mebudi pas az 4 sol shikoyat namekardi, tu sha,nu ahraf va nomusro chi mefahmy ohi inhoro tu misli tijorat medoni sha,nu sharaf 20000$ + nomus 20000$= 40000$ haminashro hub mefahmi. satqai nonu namaki tojik shavi.

Фарид
Мегуянд, забони дузд дароз аст ин рост будааст.

АНТИФАСОДБОЙКУЛ
СУРОҒАИ МОҲИРА БОБОРАҶАБОВАРО НАМЕДИҲЕН? МАН ҲАМ ЯК ЗИЁРАТ КУНАМ?

карим
Мувофики Конун мухлати даъво то 3 сол аст бародар .......

Ин духтаре ки дар акс омадааст ман ба хуби мешиносамаш.Дар Чкаловск зиндаги мекунад.Аслан 2 сол пеш аз шавхараш чудо шудаасту сохиби як писарам мебошад.Боз чихел мегуяд,ки тачовуз ?

ин духтар бо ин сахнабозихош дар ду дуне руйсиех шудааст!! Зинда бошем мебинем ин дигар бозичаи дасти коркунони макомот шуда аз карда пушаймон шуда окибат харом мемирад ва боз эьлон мекунанд , ки худро ба дор кашид!!!

Гарибшо
Ин духтар курбонии мавкиъият аст. гайб ро факат худо медонад, вале ман бовари дорам ин 2 духтар-ро оянда ба ягон бахонае нобуд мекунанд чун хакикат рузе хатман ошкор мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)