Бахшҳо
11 апр 2014 17:12Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Сокинони Файзобод: Эмомалӣ Раҳмон рафту лимит омад

Сокинони ноҳияи Файзобод мегӯянд, баъд аз сафари президент Эмомалӣ Раҳмон дигарбора нерӯи барқро тариқи лимит мегиранд.

Мирсаид, як ҷавоне, ки худро бошандаи рустои наздик ба маркази ноҳияи Файзобод муаррифӣ кард ба “Озодагон” гуфт, қабл аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ин ноҳия ду рӯз барқро бемаҳдудият доданд: “8 ва 9 апрел лимит набуд. Аммо рӯзи 10 шабона соати 22:00 барқ хомӯш гардид”.

Ин иттилоъро сокинони дигари ноҳияи Файзобод ҳам таъйид карданд. Эмомалӣ Раҳмон субҳи 10 апрел бо як сафари корӣ ба ноҳияи Файзобод рафт. Боздиди ӯ аз деҳаи Дашти Марзо оғоз гардид. Раисҷумҳур дар ин русто дар маросими ифтитоҳи бунёди боғе, ки масоҳати умумии он 135-гектарро ташкил медиҳад, иштирок кард.

Қаблан, ширкати “Барқи Тоҷик” гуфт, бо далели коҳиши об дар обанбори Норак имкони аз миён бурдани реҷабандии барқро надоранд ва бо бартараф шудани ин мушкил реҷабандӣ бекор хоҳад шуд.
Мӯҳр
кай ин обанбор пур мешуда бошад, шояд он сурохихои зиёд дорад ки об дар он намеистад. Фасли зимистон ва аввали бахор сербориш омад (холо хам 2шабонаруз борон борида истодааст), кучо шуданд обхои хамаи он.
Ин найранги шумо кухна гаштааст, то ба кай мардумро фиреб мекунед. Бахор хам нисф шуду кай инсофи шумо бедор мешуда бошад.

Хукумат халкро мазок карда истодаст.

Яъкуб.
Кай чаноби Президент ба нохияи мо меомада бошаду ду руз хам ки бошад баркро бинем.Агар омадани бощи имрузхо бие.Бо омадани Шумо сар мешавад пулчамъкуниву рохбандиву масхарабози....

Аз гуфтан хам дахонамон пашм кард ин барки точик нашуду зулми точик шуд! Хамин барка тамоман хотима дихед хотири мардум чамь шавад интизор нашаванд асаби нашаван дашном надиханду мисли 100сол пеш шамь харанду аз паси зидаги шаванд! Бас будагист мардум асаби кардан ин мардум уже безор шидан аз дуругхои шумора кадом руз хаму барктона бе пул намегиран ба изо мекашен!чоп кун озодагон

Бебарк
Ба хокими вакт эхтиром бигузор, шахсияташро бузург шумор ва дар махзари вай аз дуруг гуфтан бипархез. Имоми Аъзам. Хизмати дуругин ва чабре, ки имруз маъсулини Баркт точик ба миллат мекунанд дар асри 7 госибони араб, дар асри 13 истилогарони мугул ва дар асри 14 туркони темури накарда будаанд. Барои мисол арзиши як дона тухум дар бозор аз 08-то -1 сомони асту фабрикаи мурге, ки хамаги 1000 мург дорад бо барк таъмин асту ин барк василаи бизнеси барки точику манфиатдорони хамон фабрик аст. Наход бари Барки точик аз фарзандони кучаки ин милат дида мург кадри бештаре дорад. Озодагон мо низ як чабрдидаи бебаркем. Медонем, ки маъсулини барк инро хонда ба мо писханд мезананд. Зеро онхо хам бо барк таъминанду хам аз пули бизнеси барк кушкхо месозанд. Лекин намедонанд, ки ба Давлат, ба Миллат ва аз Хама дида ба Чаноби Оли, ки ман дар хакикат Кахрамонаш мехоам, дусташ медорам ва тайёрам барои ин давлат, ин миллат ва БАРОИ ПРЕЗИДЕНТАМ чонамро дарег надорам ХИЁНАТИ НОБАХШИДАНИ МЕКУНАНД,

далер
Мо номардем да хакки худро талаб намекунем. Рости сабр намондай.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)