Бахшҳо
12 апр 2014 11:14Тоҷикистон / Сиёсат

Додситон барои Эшони Оятуллоҳ 12 сол зиндон хост

Самандар Расулов, намояндаи додситонӣ дар парвандаи Оятуллоҳ Саидов, аз додрас хостааст, ӯро бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ (247, қисми 4 ва 339, қисми 1) ба 12 соли зиндон маҳкум кунад.

Ин сокини шаҳри Ваҳдат дар охири соли гузашта ба иттиҳоми қаллобӣ боздошт шуда буд. Мақомот гуфтанд, Оятуллоҳ Саидов аз сокинон барои он ки онҳоро ба сафари Ҳаҷ гусел мекунад, ҳазорҳо доллар гирифта, куллияи онро барои ниёзҳои рӯзмарраи худ сарф кардааст.

Зубаралӣ Хайруллоев, яке аз нафарони қасди зиёрати Каъба дошта мегӯяд, эшон ба хонаи ҳамсояи ӯ омада гуфтааст, падараш роҳбалад аст ва шаҳрвандонро ба Арабистони Саудӣ ба зиёрати Хонаи Худо мебарад. Ин сокини фиребхӯрдаи кишвар мегӯяд, дар ҳоле аз “ҳиллаву найранг”-и Эшони Оятуллоҳ огоҳ шудаанд, ки маросими сафарбаркунии зоирини тоҷик ба Арабистони Саудӣ поён ёфт. Ҳисорӣ Саломов, ҷабрдидаи дигари ин қазия мегӯяд, “ҳангоме ки ҳамаи ҳоҷиҳо ба Арабистони Саудӣ парвоз карданду мо мондем, назди Эшони Оятуллоҳ рафта, асли қазияро пурсидем. Ӯ баъд аз узрхоҳии зиёд гуфт, пулҳоятонро баргардонида медиҳам. Аммо ҳанӯз на шиносномаҳои хешро дидаему на пулро.”

Мавлудҷон Салихов, вакили мудофеи Саидов, ба “Озодагон” гуфт, намояндаи додситонӣ инчунин аз додраси парванда хостааст, молу мулки нафари таҳти ҳимояташ мусодира шуда, аз ишғоли мансаб маҳрум гардад. “Рӯзи 14 апрел Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ҳукми худро нисбат ба Оятуллоҳ Саидов эълон хоҳад кард”,-афзуд Салихов.
Мӯҳр
Адвокат
ХАмин Салихов одмаи хукумат худаш бо чихел адвокат мешудааст.

Ин мардакам бечора аъзои ХНИТ будастчи эй бечора хайрият бо статияи серзанаиву шахвони назаданд...ВОЙЙЙЙЙЙЙЙЙЙЙЙЙЙЙЙ ВОЙЙЙЙЙЙЙЙЙЙЙЙ БИЁ ГИРЯ КУНЕММММММММММММММММ.....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)