Бахшҳо
12 апр 2014 12:37Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Лимит кай бекор мешавад? Барқи тоҷик: Ҳаво гарм шавад!

Масъулини ширкати “Барқи тоҷик” мегӯянд, ҳоло маълум нест, маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ба манозили сокинони кишвар кай бардошта мешавад.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ин ширкат, рӯзи 12 апрел дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, маҳдудияти барқ вақте бекор карда хоҳад шуд, ки ҳаво гарм ояд: “Аз сабаби он ки ҳоло дар обанбор захира хеле кам аст, наметавонем якбора маҳдудиятро бекор кунем.” Ба гуфтаи ӯ, гӯиё ҳоло ба сокинони тамоми минтақаҳои Тоҷикистон вобаста аз маҷрои об аз 8 то 10 соат барқ дода мешавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки сокинони ҷаомати Урметани ноҳияи Айнӣ тайи як тамоси телефонӣ бо “Озодагон” аз риоя нашудани маҳдудияти реҷаи барқ шикоят карданд. Даврон Давронов яке аз сокини ин ҷамоат гуфт, онҳо танҳо дар рӯзҳои иди Наврӯз бо барқ таъмин буданд: “Танҳо 5 рӯзи наврузӣ рӯзона бо барқ таъмин будем. Аз он ба баъд давоми рӯз танҳо ду соат бегоҳ ва ду соат субҳ барқ медиҳанд.”

Сокинони ноҳияи Айнӣ мегӯянд, интизор буданд, ки “лимит”-и барқ аз 10 апрел, чӣ тавре ба қавли эшон, Барқи тоҷик ваъда дода буд, лағв карда мешавад. Аммо Нозирҷон Ёдгорӣ афзуд, онҳо тасмими аз 10-уми апрел бекор кардани маҳдудияти барқро надоштаанду ин вобастагӣ аз боду ҳаво дорад.
Мӯҳр
хамин нозиршо ёдгори-ро барки точик иваз кунад. ягон касеро монанд ки хар хел бахонахои нав ёфта тонад. ин ёдгори ду бахона доорад :корхои таьмирию профилактики дигаращ дар обанбор об кам аст. безор шудем

хамин нозиршо ёдгори-ро барки точик иваз кунад. ягон касеро монанд ки хар хел бахонахои нав ёфта тонад. ин ёдгори ду бахона доорад :корхои таьмирию профилактики дигаращ дар обанбор об кам аст. безор шудем

Амишо аз Фархор
Рузи мешавад, ки боз газаби халк омада ягон кор мекнан. Инхел зиндаги дар африка нест. Инкадар Гэс хоеки мо дорем боз халкро ба барк таъмин карда наметонем. Руз то руз зиндагии мардум душвор шидестай. Факат дуруг. Аз халки худшондам пул зарурай да.

Фаррух
12.04.2014 Аз хамин руз сар карда барк дар н. Хисор пурра 24 соата шуд

Банда
Аз ин маълум мешавад, раиси барки точик аз ухдаи кор намебарояд.

контролёр
Мо холо пули мошинхои хоричи чамъ дорем барк хаст нест счётчико кор кадестан . Вой бархоли мардуми бе барк.

Камбагалда свет чи даркор. Дар у дуньё рушанира мебинен. Касе ки дар и дуньё азоб каша у дуньёда рохат мена

Мардуми точик гумро асту намефамад. Ино света ба хорича бизнес доран.

Хаму Абдулло Ерова Чошда монен у метона кор карда

Марчон
Ура! Ду руз мешавад,ки лимит бархам хурд.Шукр ки боз ба равшани мерасидем.Ба хамаи мардуми азизам хонаи ободу равшан орзу мекунам.Худо кунад, ки ин лимити охирин бошад ва халки пуртокати мо аз ин балои хозирзамон халос шаванд.

Махдудияти барк дар Бозори марказии ш.Истаравшан хеле шадид аст, ба таври дигар гуем давоми 10руз мешавад ки барк умуман нест.Гуё бозор аз маблаги барк карздор бошад. Хол он ки 2хафта пеш маблаги истифодаи баркро чамъ карда , илова бар он аз хар магоза ва дукон 30сомони пешпардохт барои барк гирифта буданд.
Сохибкорон мачбуранд аз дигар зеристгоххои гирду атроф баркро бо нархи гарон харанд ё аз движёкхо истифода баранд.
Мухтарам Озодагон хохишмандем мурочиати моро ба шахсони масъул расонед то ин мушкили халли худро ёбад

Алибобо
Орзухои ширинатро факат ва факат дар хобат мебинию халос!

Озодагон чаро коменти маро чоп намекуни.
Озод боши чоп кун

Махдудияти барк он тараф истад, дар Бозори марказии ш.Истаравшан таи 10руз аст ки кувваи барк умуман нест. Хол он ки маблаги барки истифода шуда пурра пардохт гашта илова аз он аз хар магоза ва дукон 30сомони пешпардохт гирифта буданд.
Хукумати махалли худро бетараф гирифта барои халли ин мушкили ягон чора намеандешад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)