Бахшҳо
14 апр 2014 13:40Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ному насаби қурбониёни офати табиӣ дар Шӯрообод

Хабаргузории “Озодагон” ному насаби 13 тан аз қурбониёни фаромадани ярч ва боришоти зиёд дар ноҳияи Шӯрободи вилояти Хатлонро, ки шаби 12 ба 13 апрел иттифоқ уфтод, муайян кард. Ҳамаи фавтидагон аз се хонавода - Нурмуҳаммад Исмоилов, Қурбон Носиров ва Самад Арзиев – будаанд.

1. Холисамо Мустафоқулова, 1956
2. Ҳафизамо Исмоилова, 1980
3. Моҳтоббӣ Афғонова, 1987
4. Меҳрубони Муҳиддин, 2004
5. Гулбарги Муҳиддин, 2005
6. Таманно Исмоилова, 2011
7. Марворид Носирова, 1947
8. Усмоншоҳ Носиров, 1983
9. Лола Орзуева, 1983
10. Бахтиёри Сафаралӣ, 2009
11. Шукрона Носирова, 2013
12. Сайёди Самад, 2009
13. Бунёди Самад, 2005.


Рӯзи 13 апрел Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазири Тоҷикистон, дар садри як гуруҳи корӣ ҷиҳати «саривақт чораҷӯӣ намудан» ва ба зарардидаҳои сел дар минтақаи Кӯлоб кумак расонидан, ба ҷануби кишвар сафар кардааст. Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати умури дохилӣ, ин гуруҳи корӣ, ки ба ҳайати он вазирони корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, нақлиёт ва раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ шомиланд, «бо супоришу дастури президент Эмомалӣ Раҳмон» таъсис ёфтааст.

Манбаъ мегӯяд, «шаби 12 ба 13 апрели соли равон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон борони сел ва жола борида, дар натиҷа дар деҳаи Одинабойи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шӯробод қисми теппа лағжида, деҳаи мазкурро пахш намуд, ки дар натиҷа як қисми хонаҳои истиқоматӣ зери лой монда, хароб гардиданд ва аз рӯи маълумоти пешакӣ талафоти ҷонӣ низ ҷой дорад».

Торнамо менависад, дар пайи сел хоҷагии кишоварзӣ дар деҳаҳои Панҷосиёб, Ғарабдара ва Лойлуқаи ҷамоати деҳоти Зардори шаҳри Кӯлоб низ хисорот дидаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷамоати деҳоти Зардори шаҳри Кӯлоб 4 хонаи истиқоматӣ зери обу лой монда, ҳангоми аз чарогоҳ баргаштан 106 моли майда 15 сар моли калони шохдор нобуд шудаанд.

“Дар деҳаи Панҷосиёби ҷамоати деҳоти Зардор 4 хона, 15 иншооти ёрирасон ва заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон вайрон шуда, зери обу лойқа мондаанд. Барои бартараф намудани зарари расида ситоди Кӯлоб фаъолият дорад”,-гуфт манбаъ. Аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба сокинони зарардидаи ноҳияҳои Шӯрообод ва Восеъ ба оилаҳои зарардида 60 хайма, 30 тонна сӯзишворӣ ва барои 3 хонаводаи зарардида маводи ғизоӣ фиристода шудааст. Ҳоло Барномаи рушди Созмони Милал ба зарардидагон якуним тонна сӯзишвории дизелӣ додааст.
Мӯҳр
sobir
Ozodagon charo dar borai N. Vose dehai Tugarakam qarib 30 hona puri ob shud nameguyed? Ujaram namoyandotona ravon kunen malumot dihed. Ujadam behad saxt sel omadai megan. Obe ki az Sarichashma omad hamash Tugaraka tagi ob kard.. Maktabam havish 1 metr ob dosht

аъзоигурухи кори
Пешниход карда мешавад, ки бар зарардидагони офат ва чихати харчи тезтар сохтани манзил ба халки бечора аз хисоби фуруши барки тарафи Афгонистон ва ширкати пулчинаки ИРС маблаги лозима фавран чудо карда шавад.

саричашма
наход дуруггуи ба ин андоза шавад дар ин чамоат хафтод хона пурра корношоям гардидааст

ин кумитаи холатхои фавкулоода бпьди чанд вакт хабар ёфта якчанд хайма гирифта мерад.

Вахдат
Хамдардии хешро ба бародарони кулоби мерасонем:„Инно лиллохи ва илайхи рочиъун”!

Инно лиллохи ва илайхи роджиъун.

Худо барои ин зарардидагон сабри ҷамил атто кунад ва дубора дар молу ҷонашон аз хазинаи ғайби худаш баракот диҳад омин.

Кулоби
Хамдардии маро кабул намоед, бародарони хамхун. Харчанд аз даст додани наздикон хеле сахт аст, вале хамаи мо хох нохох равонем ба суи У.

Фирдавс
Хуло чояшонро чаннат гардонад, хамаги чавон буданд!!!

Олиха
Ба оилахои фавтида таъзият баён намуда, аз даргохи Худованди мутаол сабри чамил хохонам

Ана акнун "худо дод" - помош аз дигар давлатхо! кошки ба дасти ин чабрдидагон мерасид, афсус! "гургхо дар рох" ва худо мегуянд ки ба Точикистон ягон офат шавад ва аз фурсат истифода баранд!

Сафар
Чояшон чаннат бод.Ман хайронам дар вилояту шахрхои Руссия барои вафти 3 нафар шахрванд рузи мотам эълон мешавад.Ё барои хукумати мо 13 нафар кам аст?!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)