Афзоиши ҷиноятҳои коррупсионӣ дар Суғд
Дар тӯли 3 моҳи охир ҷиноятҳои коррупсионӣ дар шимоли Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз Раёсати Агентии зидди фасод дар вилояти Суғд хабар доданд, дар зарфи 3 моҳи соли ҷорӣ 136 ҷинояти коррупсионии характери иқтисодӣ доштаро ба қайд гирифтаанд.
“Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107 ҷиноятро ташкил медод. Миёни ҷиноятҳои сабтгардида дуздӣ, қаллобӣ, додугирифти пора бештар ба назар мерасанд”,-афзуд манбаъ.
Зимнан, қайд гардид, ки аз ҷониби муфаттишони Раёсати Агентии зидди фасод 44 парвандаи ҷиноӣ нисбат ба 45 нафар боз карда шудааст. “Маблағи зарар дар маҷмӯъ беш аз 25 миллион сомониро ташкил дода, аз он 7,5 миллионаш ба хазинаи давлат баргардонида шудаасту бас”,- зикр намуд манбаъ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |