Бахшҳо

Сел дар ноҳияи Восеъ ҷони Муҳаррамаи шашсоларо рабудааст

Дар пайи омадани сел дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон Муҳаррама Муродоваи шашсола, сокини деҳаи Навбаҳор, ҷон бохтааст. Муҳаммадризо Қурбонов, ёвари раиси ноҳияи Восеъ, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, “сел шаби 12 ба 13 апрел омада, сокинонро ғофилгир кард”.

Ба қавли мусоҳиби мо, сел 268 манзили сокинони Чордара, Тугарак, Навобод ва Навбаҳори ноҳияи Восеъро вайрон намудааст. “Айни ҳол барои зарардидагон кумакҳои аввалия расонда мешавад. Ҳанӯз хисорот ҳисоб нашудааст ва базудӣ ҳамаи он дақиқ ва эълон хоҳад шуд”,-гуфт Муҳаммадризо Қурбонов, ёвари раиси ноҳияи Восеъ.

Дар ҳамин ҳол, бар асоси иттилои расмӣ, дар пайи боришоти зиёду фаромадани ярч дар ноҳияи Шӯрообод низ 13 нафар, ки 7 тани онҳо ноболиғ будаанд, ба ҳалокат расидаанд. Рӯзи 13 апрел бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ситоди кумак ба зарардидагони сел дар минтақаи Кӯлоб бо раҳбарии Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазир, таъсис шуд. Оқои Алимардон субҳи 14 апрел дар як тамоси телефонӣ бо “Озодагон” гуфт, ҳоло бо вазъи зарардидагони сел аз наздик ошно шуда, ба Душанбе меояд ва баъдан муфассал сӯҳбат хоҳад кард.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон мегӯяд, то кунун ба оилаҳои зарардида 60 хайма, 30 тонна сӯзишворӣ ва барои 3 хонаводаи зарардида маводи ғизоӣ фиристодааст.
Мӯҳр
сабр
Дар дигар давлатхои пешрафта кумитаи холатхои фавкулода ба зудди кумаки аввалияи худро мерасонанд бе супориши сарвар. Дар мо бошад бар акси хол, аввал ситод баъд кумак. Кумитаи холатхои фавкулода наход 3 хонавода зарар дуда бошад, дигарон чи? бало ба сари хамаи зарардидагон будагист... ва онхое, ки аз ин офати табии зарар диданду баъзеашон пайвандони худро аз даст додаанд аз даргохо худованд бар онхо сабри чалил ва пуртокатиро хохонам.

сино
Чи вазифаи призидент нест аз ахволи халкаш бохабар гаштан Алимардонов як шахси мутеъ мебошад метавонад холати руйдодаро ба призидент дигар хел шарх дихад.

чош чаннат шавад тифли бегуноха. Аз офати табии ягон кас эмин нест, метарсам, чунин офат дар шахри Хучанд нашавад, ки заминхои наздихавлигии таксимгардида дар болои селрохахо мебошанд, худо нахохад мисли соли 1985 ё дигар солхо гардад чандин нафар бегуноххо хоханд рафт.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)