Бахшҳо

Оҷонсӣ мегӯяд, ба ивази бозори Кабирӣ пуле пардохта нахоҳад шуд (АКСУ ВИДЕО)

Ҳумайрои БАХТИЁР

Як намояндаи Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон рӯзи 14 апрел, ҳангоми баромадаш дар додгоҳи ноҳияи Турсунзода, гуфт, бар ивази бозори “Саховат”-и ин ноҳия, ки муттааллиқ ба ҳамсари Муҳиддин Кабирӣ аст, пуле пардохта нахоҳад шуд. Дар ҳоле ки қаблан ҳамин ниҳод гуфта будааст, бояд аз соҳибмулки аввали бозор ба фоидаи хонаводаи Кабирӣ ба маблағи 836 ҳазор сомонӣ рӯёнда шавад.

Оқои Кабирӣ ҳарфҳои охири намояндаи Оҷонсиро напазируфта гуфт, “аз додрас даъват мекунам, экспертизаи воқеии бозор гузаронда шуда, маблағи он пардохт гардад. Эксперте, ки аз Вазорати адлия омада буд, бидуни коэфитсент ва бидуни нархи бозор, қимати маҳсулоти сохтмониро ҳисоб карда, онро ба 2 миллиону 700 ҳазор сомонӣ баробар кард. Инҷо нархи хариду фурӯш, нархи замин, аз рӯйи нархи бозор, ҷойгиршавии худи бозор ҳам ҳаст, корҳои зиёди дигаре анҷом шудааст. Агар ҳамаи инро воқеан ҳисоб кунанд, нархи бештар аз 10 миллион сомонӣ пайдо хоҳад шуд." Дар ин бозор, ба гуфтаи ӯ, ҳоло 700 нафар кор мекунанд ва баста шудани он ба рӯзгори хонаводаи ҳамаи ин тоҷирон зарбаи сахте хоҳад зад.



Парвандаи бозори “Саховат”-ро бо даъвои Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон додгоҳи ноҳияи Турсунзода баррасӣ дорад. Оҷонсӣ мегӯяд, бозори “Саховат” ба далели камбуд дар санадгузорияш бояд аз соҳибмулкони феълияш гирифта шавад. Яке дигар аз далели мақомот ин аст, ки сокинони атрофи бозор варзишгоҳ надоранд ва “Саховат” ба варзишгоҳ табдил дода хоҳад шуд. Дар мурофиаи гузашта Муҳиддин Кабирӣ пешниҳод кардааст, агар мақомот замин ҷудо кунанд, ӯ омодааст бо сармояи худ варзишгоҳ бисозад. Пешниҳоде, ки аз сӯи даъвогарон пазируфта нашудааст.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси Намояндагон, баъд аз зӯҳри 14 апрел аз бозори “Саховат”-и ноҳияи Турсунзода боздид кард. Ҷаноби Кабирӣ гуфт, барои аввалин бор вориди ин бозор шуда, бо тоҷирон сӯҳбат анҷом медиҳад. Ӯ аз он изҳори таассуф кард, додгоҳ мавқеи пешинаи худро, ки бетарафӣ буд, ҳоло каме тағйир додааст: “Мутаассифона, додгоҳ мантиқеро, ки дар оғоз пеш гирифта буд, каме тағйир дод. Дар аввал талош мекард, ки бетараф бошад ва фикри ду тарафро гирад. Вале дар ду мурофиаи охир дидам, ки яктарафа меравад.”

Ин дар ҳолест, ки додрас Муҳаббат Пардаева барои муайян кардани тақдири минбаъдаи бозори “Саховат”, ки оё тахриб хоҳад шуд ва ё аз соҳибмулконаш бар извари пардохти маблағ харидорӣ хоҳад гардид, ба хонаи машваратӣ рафтааст ва ҳукм рӯзи 15 апрел эълон хоҳад шуд.


Оҷонсӣ мегӯяд, ба ивази бозори Кабирӣ пуле пардохта нахоҳад шуд (АКСУ ВИДЕО)

Оҷонсӣ мегӯяд, ба ивази бозори Кабирӣ пуле пардохта нахоҳад шуд (АКСУ ВИДЕО)

Оҷонсӣ мегӯяд, ба ивази бозори Кабирӣ пуле пардохта нахоҳад шуд (АКСУ ВИДЕО)

Оҷонсӣ мегӯяд, ба ивази бозори Кабирӣ пуле пардохта нахоҳад шуд (АКСУ ВИДЕО)

Оҷонсӣ мегӯяд, ба ивази бозори Кабирӣ пуле пардохта нахоҳад шуд (АКСУ ВИДЕО)
Мӯҳр
Дар фикр
Эй чаноби Кабири фиреби сахт хурдаед, Худованд окибаташро ба хайр бигардонад. Ман хайронам дар Парламент суханшон оиди интохобот нагузарад ба мисли ин дар дигар, дигар чойхо.....хай Худо сабр дихад!

Аз хама хубаш господин Кабири аз ватан бо тамоми одамомхоят фирор кунеду кани бинем боз чикор мекарда бошанд ин чашмгуруснахо! Ва тамоми он нафароне, ки тахти назорати хукуматдоронанд времена тарк кунанд ватанро ва як командаи калон шаванду аз дигарчо гап зананд, дигар чорае надоранд агар не мурдаи сталину ленинро ба сарашон меандозанд

Муҳаммад
Ба номи Худованди меҳрубон
Бисёр ҷои таъассуф аст, ки имрӯз шоҳиди ноҷавонмардӣ ҳастем ва бо ҳар васила ноҷавонмардона мехоҳанд болои мухолифин фишор оранд ва фикр мекунанд, ки ба ин корашон муваффак мешаванд. Албатта имкон дорад дар кутоҳмуддат муваффақ шаванд ва локин рӯзе хоҳад расид, ба ҳамаи ин ноҷонмардиҳо, ҷавоб хоҳанд гуфт.
Рости бисёр шармам меояд, ки вақте мушоҳима мекунам, ки имрӯз ҳукуматдороони чамш ба моли дигарон духтааанд ва бо ҳар васила мехоҳанд аз худ кунанд.Шарму ҳаё ҳуб чиз аст.
Худованд хамаро тавфиқ дихад.

Точикак
30 хазор мардуми Ворух 1 варзишгох надоранду макомот давон давон заминхоро барои сохтмони бозору магозаю туйхона(фасодхона) фурухта истодаанд. Чи мегуфта бошанд ин мардум. Аз хотир набароред, ки фалак чарх асту гардон аст...

Bilol
salomalekum ozodagon: in hukumati mo ruz ba ruz qadam ba qashoqi mondaistodaast, bubined dar in bozor 700 nafar kor mekardaast agar inho ba kamash yak nafariro bukhuronand 1400 lek aniq ast har yaki inho ziyoda az 5 nafarro mekhuronand, haminqadar muhojir magar kam bud? khudo nigohbon boshad va gar na ba zudi sari yak digarro khohem khurd.

точир
Ин хукумат бекори бад мондаст. Охир дар ин хукумат на корхона бошад, на роххои транзити бошад, на туризм бошаду на бизнеси озод дигар кормандош факат мухолифора шикор мекнан. Амихеле кадиян ки киргизое ки одамшон намедонем зминомона грфтан неки ино зуршон ба заоирову куватову кабири мерасад.
Амихели рафтан гира чан сол пас ними дигара хитой мегира ними дигара афгонистон бо ними дигара узбакощ мегардем хдмон кучманчи шида.

ЧУНИН
хакки мардум мору каждум мешавад

точир
Дастандракорони касонеро ки мехоханд гайриконун бозорро гиранд бояд ба суди тайналхалки дод дигар ро нест

ofarin ba in hukumatdoron dar yak sol 20 nafarro ba joi kori doimi tamin karda nametavonandu imruz yaku yakbora 700 nafarro az noni xurdan mahrum mekunand bo inkorashon okibat boz hamon solhoi 90 takror mekunand mardum noni xurdan nadorad az rusiyaham bezor shudaand digar roh nest okibatashro Xudo baxayr gardonadu ba in hukumatdoroimo aklu farosat va kameham boshad mehru muhabbati vatan va millatro nasibgardonad. ammo man yak4ijro nafahmidam naxodki baroi maydoni varzishi inkadar marduma az noni xurdan monand hamun maydona agar sozandham ba ki darkor? mardhoi tojik hama dar muhojirat ki bozimekunad dar hamunja? baroi ki mesozand? magar haminham davlatdoriast? kujost vatandusti? kujost gami millata xurdan? haminast gamxori millatbudan? agar gamxori haminboshad shumo nodurust fahmided muhtaram hukumatdoron

99
Бовар кунед, на хотири ин 700 корманди бозор мекунанду на хотири кӯдакону наздикони онҳо!!! Бозори 82-ро чӣ карданд ва чунин мисолҳо оё каманд? Барои ин мамлакат мардуми оддӣ мисли пашша қадр надорад!!!

НД
Дар сарконун омадааст касе моликияти шахрвандро гирифта наметавонад давлатхам агар гирад бояд арзишаро муаян кунад малагашро пардозад! Хайр бозоро гиред маблагашро дихед замин чудо кунед,ки боз бозори замонави сохта хамаи ин 700 нафаро ба чои кор таьмин кунад! Лекин дар точикистон хаминхел мешаваду факат сохиби бозор дигар мешавад ва халки бечора дуконхояшро бо нархи гарон мехаранд ва боз хар мох ичора пули медиханд,ин якум бор нест ва хама натичаи инро медонанд.

захри баданатон мешавад!!!

Интихобот
Кабири гумон кард, ки бо даст кашиданаш аз интихоботи президенти режим ба у рахм хохад кард ва осуда хохад гузошт. Акнун бизнесашро бепул кашида мегиранд ва як кас бар химояаш бархохад хест. Вале агар у дурандеши мекард, номазадиашро дар интихобот мегузошт, чомеаро такон медод ва имруз хукумат аз хароси чонибдорони Кабири ба чунин кор даст намезад. Хайр чи гуем, Кабири хамаро бохти, хам сиёсатро ва хам бизнесатро.

худованд нигахбонад бошад М Кабири

https://meb-sklad.ru Всяк знает https://meb-off.ru как богач добывает: не своим горбом https://stol-podarkov.ru а чужим трудом. https://polka-aromatov.ru

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)