Бахшҳо
15 апр 2014 09:21Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Лойхӯраки Боло, Қрим, холаи Қумриннисо ва Бобои Файзу Русия

Баъд аз ҷашнвораи байналмилалии “Қурутоб-2014” Лойхӯраки Боло дар саросари ҷаҳон муаррифӣ шуд. То ин вақт ҳеч дастоварде надошт, ки ҷаҳониён ҳамчун як давлати соҳибистиқлолу дунявӣ бишиносанд. Аҳолии замин то ҷашнвораи байналмилалии “Қурутоб-2014” Лойхӯраки Болоро як ҷузъи Русия медонистаанд. Баъд аз ин ҷашнвора фаҳмидаанд, ки чунин давлате вуҷуд доштааст. Аммо баъд аз ҳаводиси Қрим якуякбора аҳолии Лойхӯраки Боло шавқу рағбаташон барои пайвастан ба Русия зиёд шудааст, ки коршиносону таҳлилгарон сабабҳояшро гуногун медонанд. Бо такя ба назари коршиносон мо чанд омилу сабаҳояшро пешниҳод мекунем:

НАФАҚА

Масъалаи ба Русия пайвастани Лойхӯраки Болоро аввалан пирону кампирон ба миён гузошта, аз Кремл қотеъона талаб кардаанд, ки онҳоро низ ба ҳайати худаш шомил кунад, танҳо ба хотири нафақа. Аммо аз ин рафтори калонсолони кишвар, холаи Қумриннисо, Садбарг, Биринҷмоҳ, Коғазмоҳ ва Ҷорӯбгул ба шиддат интиқод намуда гуфтаанд, онҳо ниёз ба нафақа надоранд ва ҳувияти “милливу озодиашон”-ро аз нафақа боло медонанд. Онҳо шукри писаронашнро кардаанд, ки дар прокуратура, коррупсия, суд, донишгоҳи олӣ ва ҷамоати деҳот кор карда, танҳо ба як маоши шашсадсума, падару модар, холаву амма, ҷияну набера, хуллас, тамоми авлодро мехӯронанд ва онҳо ниёз ба нафақа надоранд. Аммо бар хилофи назари онҳо, Бобои Теша гуфтааст, бо нафақаи худашу кампираш зиндагӣ карда наметавонад. Аз ролтону кадухӯрӣ безор шудаанд. Ӯ дар шӯро ҳамчунин қайд намудааст, чаҳор писару ду наберааш дар Русия кор мекунанд ва ҳанӯз наметавонанд зиндагии хубе дошта бошанд. Бобои Теша аз кампири Қумриннисо, ки бачааш дар Ҷамоати деҳот кор мекунаду бо маоши шашсадсума тамоми авлодро мехӯронаду бо мошини 20–ҳазор доллара ба кор меравад, хоҳиш кардааст, ки сирри ин корро ба онҳо низ бигӯяд, то зиндагиашон хуб шавад. Аммо холаи Қумриннисо дар посух гуфтааст, бо “Худододагон ситеза накун, ки онҳоро Худо додааст”!

БАРҚ

Яке дигар аз сабабҳои калидие, ки аҳолии Лойхӯраки Болоро барои ба Русия ҳамроҳ шудан водор кардааст, ин камбуди нерӯи барқ мебошад. Сокинон гуфтаанд, ҳангоми ворид шудан ба Русия мушкилашон ҳал хоҳад шуд ва ё ҳадди ақал 1 соату 5 дақиқаву 2,5 сония бештар барқ хоҳанд гирифт. Мӯйсафеди Ғулом, ки дар маркази Лойхӯраки Боло зиндагӣ мекунаду доим бо барқ таъмин аст, ин масъаларо ночиз хонда гуфтааст, солҳои наздик ин масъала ҳалли худро меёбад. Аммо ӯ ба таври конкретӣ нагуфтааст, соли 2020 ё 2045. Инаш барои мардуми Лойхӯраки Боло ҳанӯз муаммост.

ОБИ ГАРМ ВА ГАЗ

Дар бештари минтақаҳои Лойхӯраки Боло мардум оби гарму газро фаромӯш кардаанд. Аммо дар минтақаҳое, ки мардум ҳанӯз аз оби гарму газ маълумот доранд, ин масъаларо ба миён гузошта, пофишорӣ доранд, ки ҳарчи зудтар ба хотири оби гарму газ ба Русия ҳамроҳ шаванд, то битавонанд либосҳояшонро хубтар бишӯянду таомашонро беҳтар бипазанд. Хокпош, ки дар дастгоҳи марказӣ кор мекунад, мардуми Лойхӯраки Болоро ба он муттаҳам кардааст, ки онҳо ба хотири газу барқ ҳувияти милиашонро зери пой зада, мехоҳанд, ба Русия ҳамроҳ шаванд. Ӯ ба мардуми Лойхӯраки Боло гуфтааст, ба ҷои газу оби гарм таппаку ангишт истифода баранд ва ҳеч гоҳ фаромӯш накунанд, ки мо халқи тамаддунофар ҳастем.

ҶОЙҲОИ КОРӢ ВА...

Лойхӯраки Боло миёни ҳамсоякишварҳояш аз ҷиҳати ифтитоҳи сохтмонҳои гуногун дар ҷои аввал меистад. Қариб ҳар сол садҳо лентабурӣ мешаваду корхонаву фаввораву манзилу мағоза ба кор медарояд. Аммо аз чӣ бошад, ки ҷойҳои корӣ баъд аз ифтитоҳи онҳо кам мешавду зиёд не. То ҳанӯз иқтисоддонҳо ва коршиносон муаммои ин масъаларо наёфтаанд ва омӯзиш дар ин самт идома дорад. Ҳарчанд боз садҳо лентабурии дигар дар назар аст, вале мардуми Лойхӯраки Боло гуфтаанд, ба хотири дарёфти ҷои кории муносиб ба Русия ҳамроҳ мешаванд ва бо фарзандону пайвандонашон, ки дар ин кишвар муҳоҷиранд, дигар касе кордор намешавад ва номи бади муҳоҷир аз онҳо дур гашта, ҳамчун шаҳрвандони комилҳуқуқ зиндагӣ мекунанд. Оқои Сиёҳ тариқи шабакаҳо эълони ҷойҳои нави кориро мекунад ва ин андешаи мардуми Лойхӯраки Болоро ғаразомез нишон дода, онҳоро ба воқеаҳои Сурия, Афғонистон, Сомали, Африқо, Ироқ ва Вазиристони Покистон рабт медиҳад. Мардуми Лойхӯраки Боло аз оқои Сиёҳ пурсидаанд, ҷои корӣ ба ин масъалаҳо, алалхусус Сомали, чӣ рабт дорад. Ӯ гуфтааст, фармон аз болост ва худаш ҳам ин масъаларо намефаҳмад.

БОБОИ ФАЙЗ

Новобаста аз мушкилиҳои сиёсиву иқтисодиву иҷтимоӣ Лойхӯраки Боло барои ҳамроҳ шудан бо Русия як мушкилии дигар ҳам дорад, ки ҷомеаи ин кишварро ба андеша водор кардааст. Ба гуфтаи коршиносон, Русия ба эҳтимоли зиёд агар Лойхӯраки Болоро ба қаламраваш ҳамроҳ кунад, хоҳ нохоҳ зарба ба фарҳангу тамаддуни онҳо мезанад. Аммо кишвари Лойхӯраки Боло, ки худашро ҳамчун як давлати тамаддунофар медонад, ба ин розӣ шуда наметавонад. Хусусан, мардуми Лойхӯраки Боло гуфтаанд, онҳо ҳозиранд аз баҳри ҳамаи фарҳангашон бигзаранд, ба ҷуз сурудҳои Бобои Файз. Онҳо гуфтаанд, баъд аз Рӯдакиву Саъдиву Ҷомиву Ҳофиз ва пас аз ин қадар тамаддунофариҳо дар асри 21 онҳо Бобои Файз ва сурудҳояшро “кашф” кардаанд ва ба ҳеч ваҷҳ розӣ шуда наметавонанд, ки аз баҳри ӯ бигзаранд. Онҳо ҳатто ба ин назаранд, ки баъди гузаштан ба Русия Бобои Файз намояндаи онҳо дар Кремл бошад.

Гузориши махсуси Далер ШАРИФОВ аз Лойхӯраки Боло
(Тамоми қаҳрамонҳо ва сужаҳо бофтаи муаллифанд)


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Точик
ЗИНДА БОД ЛОЙХУРАКИ БОЛО)))

said
Be mani pisar budai tu Padarat hai mi?

Гурухи Махсус
И махмаддонора задан шарикош паридай, Руфту Худатро табобат кун ДАЛЕР ШАРИФУФ...

Қунғуз
Илтимос президенти Лойхураки болоро гуед,ки кист?

Э ту бало Далер. Ман нав фахмидам, ки дар Лойхураки Боло хама тахаллус доранд. Агар онхо ба русия хамрох шаванд,тахаллусхояшонро ба русй тарчума мекунанд?

...Далер, пас аз хондани навистахои ту агар бихандам, намедонам ба холи ту механдам ва ё худам, хамчунин гиря кунам хам... (каме андешаронихоят ба ман писанд аст, на беш!)... (як тавсия Далерчон, Калила ва Димнаро бори дигар бихон).

Ман Далер. Ту беаклй ё хута ба беаклй дохтестай. Ту харитаи чахон ва сиёсатро намефахмй. Ё да Булёни Боло ё Поён хондай. Лойхураки Боло на Президенту сарвазир, шурои олй, суди олй, прокурору милиса надора. Раиси колхоз дораву халос. Фахмидй!.

тт
Гурухи Махсус,
ту худат шарик надори

ЧАСУР
ЧАНОБИ ДАЛЕР АЗ ХАМА МОНДИЮ БА ЛАТИФАГУИ ГУЗАШТИ...ХАЧВНИГОРИ БА ТУ НАМЕЗЕБАД ЧУНКИ ДАР ХАЧВХОЯТ ТАХКИРИ ШАХСИЯТИ ДИДА МЕШАВАД. КУ ЯК КАМТАРИ ДИГАР ФИКР КУН КАНИ БОЗ ЧИ КОР АЗ ДАСТАТ МЕОЯД. ЧУНКИ БА ИН ЛАТИФАХОИ ТУ ХАНДАИ КАС НАМЕБИЁД..

Далер
Далер, хайфи номат. Номардона ва паси парда гап назан. Дар ватанбудаи бе ёди ватан беватан аст...

мухлис
неки гап нест Далерчон ай хандара якхелора талхакаф мекуни, хай демократияй кам кам шухию хандаам даркорай, саломат бошед Далер.

журналист
Озодагон вактои охир чизои фача чоп кадестай... Хайфи вакти ниго кардигим

Хакикат
чи ба муаллиф часпидед? хакикати холро бо хачв инъикос намудааст. 100 % дуруст, кадом далелхояш хатост??? ахсан!!

Ба Часур. Шарт нест, ки Далер ё каси дигар чизе дар тасбехи мазок гуяд ту бихандй. Тахаммул ва киёс кун ки ба кй дахл дорад. Ба кадом кишри чомеа. Додарам Часур, Крылову Некрасов ва аз адибони Лойхураки Боло Дакикию Саидои Насафй... ва дигаронро хон, баъд мефахмй, ки ин суханон ба кй дахл доранд. Китоб хондан даркор! Чахонбиния васеъ кардан даркор!

и далер ку далерай. зайд номи яке аз пешвоёни дини ислом аст. ура мачакаша бровардан. чи ту мегуй ки далер номи каcера бнависаву ура пеши зайд барен. барои мо малумай ки у кира да назар дора. далер хами хел навиштан бги як руз не яг руз мазаи хосилша мечашем. фабрикачие чи меган, фабрикачиё. текстилчиён
Озодагон! ин кадар чизхои фачро чоп накун э. Обруятро паст мекуниву халос. Ин навишта ба афсона хам монанд нест. Ягон факт истифода нашудааст. Боз гузориш навиштаанд. Як бор фикр кунед, ку кучои хамин навишта ба гузориш монанд аст?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)