Маҳдудияти ҳаракат дар роҳ барои таъмини амнияти президент
Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон мегӯяд, то соати 15:00-и баъд аз зуҳри 15 апрел ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, минтақаи роҳи автомобилгарди Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб то гардиши деҳаи Гургхӯрда, роҳҳои автомобилгарди Ваҳдат-Шӯри поён, Ваҳдат-Шӯри боло, Ваҳдат-Гулистон ва Ваҳдат-Рӯдакӣ маҳдуд мешавад.
Бино ба иттилои мақомоти БДА, ин тасмим ҷиҳати “таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ зимни сафари кории президенти Тоҷикистон ба шаҳри Ваҳдат” гирифта шудааст.
“Аз сокинони шаҳри Душанбе ва минтақаҳои Кӯлоб, Рашт, ноҳияҳои Файзобод, Роғун хоҳиш мешавад, аз соати 06:00 то 15:00 аз ҳаракат ба самти шаҳри Ваҳдат худдорӣ намоянд”,-меафзояд манбаъ. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, субҳи 15 апрел бо сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат рафт. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, президент дар ҷараёни сафараш “бо рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ шинос шуда", бо мардум аз наздик сӯҳбат мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |