Бахшҳо
15 апр 2014 09:47Тоҷикистон / Сиёсат

Маликшоҳ Неъматов мегӯяд, ҳанӯз дар курсии худ нишастааст

Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, мегӯяд, ҳанӯз аз мақоми худ барканор нашуда, ба вазифааш идома медиҳад. Ӯ гуфт, то замони нашри фармони раисиҷумҳур дар мақоми худ боқӣ хоҳад монд.

Оқои Неъматов афзуд, “соҳиби чунин вазифа шудан кори якрӯза ё дурӯза нест. Дар ин бора бо мо ягон сӯҳбат нашудааст. Огоҳ низ накардаанд. Баръакс, барои кумита дастуру супоришҳои зиёде дорем.”

Қаблан хабаргузории “Тоҷнюз” бо такя ба манобеи худ гуфта буд, ба курсии раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Шоҳрух Саидов, писари Абдуфаттоҳи Ғоиб -- раиси Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон нишаставу Маликшоҳ Неъматов ба ҳайси сафири кишвар дар Олмон таъин шудааст. Вале Неъматов мегӯяд, дар мавриди сафири кадом кишваре таъин шуданаш то ҳол фармони раисиҷумҳурро дастрас накардааст. “Шояд баъзеҳо аз дӯстдорӣ ё меҳрубонӣ мехоҳанд, мо чунин вазифа гирем”,-илова кард ӯ.

Маликшоҳ Неъматов дар идома гуфт, барои пешрафти ҷавонони тоҷик нақшаҳои зиёде доранд ва яке аз онҳо ташкили варзишгоҳҳост. Вай афзуд, “тамоми ҷавонони мо фаъол ҳастанд, ҳамарӯза чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотӣ барои рушди соҳаи варзиш ва фарҳанг мегузаранд. Агар майдончаҳои варзиширо бунёд кунед, ҷавонон дар вақтҳои холигии худ ба варзиш машғул шаванд, хуб мешавад. Тамоми талоши мо барои амалӣ кардани масъулиятест, ки бар дӯш дорем.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Чик
И Маликшо ай суханош маълумай, ки вазифаи давлата ай хамчи боло медона!

сауд
вакти холиги мегуи маликшо кани чои кор банд бошем хама вактамон холи хаст чои кор омода кунед баъд варзиш бо шиками серу асабхои ором пеш меравад инро фахмед

Салом ба хама! Аз рохбарони кумита хохиш дорам, ки нисбати тими милли дзю-до ахамияти диханд. Магар нест ягон устоди хуб ки тими миллии дзю-дои кишварамонро тарбият кунад. Устод Саидмумин бехтарин будан, вале фарзандони устод тими миллиро ба сатхи паст оварда расондан. Бас аст махалгарои, мо бояд парчами ватани азизамонро баланд бардорем.

точик
ии тутии сухандон факат гуфтанро медонад. коре барои миллат еакардааст.

Ozodagon коментарияхои моро чоп кун!

Маликшо и курсира ай чо оварда боша.

незнайка
Вой бар холи мо мардуми оди ки моро чунин шахсиятхо идора мекунанд...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)