Бахшҳо
17 апр 2014 16:19Тоҷикистон / Сиёсат

Амниятиҳои Чин дар ҷаласаи Душанбе хостаанд, то...

Дар ҷаласаи Шӯроҳои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой пешниҳод шуд, то назорат аз болои созмонҳои ғайридавлатӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ бештар гардад. Ин ҷаласа рӯзи 17 апрел дар бӯстонсарои ҳукуматӣ дар Душанбе баргузор гардид.

Дар нишасти хабарӣ, ки баъд аз анҷоми ҳамоиш бо иштироки котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров сурат гирифт, аз ҷониби рӯзноманигорон чунин суол матраҳ шуд, “оё дар ҷаласа масъалаи бехатарии иттилоотӣ ва пешгирии киберҷиноятҳо ва диверсияи компютерӣ баррасӣ шуд, ё на?” Дар посух оқои Қаҳҳоров гуфт, “ин масъала низ ҳамчун ҷузъи амнияти минтақа дар маҷмӯъ мавриди баррасӣ қарор гирифт.”

“Кишварҳое чун Русия ва Хитой дар масъалаи бехатарии иттилоотӣ таҷрибаи хуб доранд. Аммо мо дар ин соҳа ҳанӯз роҳ барои рушд дорем. Ба мувофиқаи тарафайн, кадрҳои Тоҷикистон дар сохторҳои зирабти Русияву Чин омӯзиш хоҳанд дид”,-афзуд дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон.

Дар баробари ин, ҷониби Чин дар баромади худ пешниҳод кардаанд назорати созмонҳои ғайридавлатӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ бештар шавад, то аз хатарҳои имконпазири иттилоотӣ пешгирӣ гардад. “Айни ҳол нерӯҳои хориҷӣ аз мушкили иҷтимоию иқтисодии кишварҳои узви СҲШ барои сарнагун кардани ҳукуматҳо истифода бурда, кӯшиш мекунанд инқилобҳои рангаи навро роҳандозӣ намоянд, ки барои истиқлол ва амнияти мамолики узв хатар дорад. Бинобар ин, бояд барои пешгирии чунин воқеаҳо якҷоя кӯшиш ба харҷ диҳем ва чораҳои якҷоя андешем”, - омадааст дар баромади ҷониби ин.

Дар баромади ҷониби Чин аз се хатар, аз ҷумла қочоқи нашъа ва ҷинояти созмонёфтаи байналмилалӣ, ёдовар шуд. Агарчӣ дар матни баромад ду мушкил номбар шуд, аммо ҷаноби Қаҳҳоров гуфт, “имрӯзҳо мушкили ҷоруми мубрам низ пайдо шудааст, ки ин киберҷиноятҳо мебошанд.” Ҷониби Чин пешниҳод кардааст, ҳамкорӣ дар назорат ва идораи шабакаҳои иҷтимоӣ пурзӯр шуда, масъалаи ба роҳ мондани механизми мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикӣ баррасӣ шавад, то се хатар имкон надошта бошанд, интернетро барои амалҳои харобкорӣ истифода баранд.

Дар варақаи иттилоотии ҷаласа омадааст, вазъи ноором, ки бо зиддиятҳои сиёсӣ, динию нажодӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва масоили дигар вобаста дар Шарқи наздик, шимоли Африқо ва сарзаминҳои ҳаммарз бо минтақаи СҲШ, ба амнияти ин минтақа ва ҷаҳон хатар эҷод мекунанд. Аммо, ба қавли Қаҳҳоров, ҳеч як аз ҷонибҳо масъалаи Украинаро барои баррасӣ дар ҳамоиш пешниҳод накардааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)