Боздошти 4 нафар бо иттиҳоми муомилоти беш аз 100 кило маводи нашъадор
Оҷонси назорати маводи мухаддири Тоҷикистон аз мусодираи беш аз 102 кило маводи нашъадор хабар дод.
Бино ба иттилои торнамои агентӣ, ин миқдор маводи мухаддир дар пайи се амалиёт дар қаламрави кишвар мусодира шудааст. “Барои содир намудани ҷиноятҳои мазкур чор шаҳрванди Тоҷикистон, се сокинони шаҳри Душанбе ва як сокини вилояти Суғд дастгир шуданд”,-навиштааст манбаъ.
Ба иттилои торнамо, ҳамаи боздоштшудаҳо феълан дар тавқифгоҳи муваққатии агентӣ нигоҳ дошта мешаванд: “Чораҳои оперативӣ-тафтишотӣ оид ба ҷалб намудани шахсони ба ҷиноятҳои мазкур даст дошта давом дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |