ВУД: Қаллобӣ дар Тоҷикистон ду баробар зиёд шудааст

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, мизони ҷиноятҳои қаллобӣ дар кишвар ду баробар афзоиш ёфтааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ВУД, давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ 982 ҷинояти қаллобӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи муайяни соли гузашта 437 ҳолат зиёд аст.
Инчунин дар рафти ҷаласаи ҳисоботии ин ниҳод, ки рӯзи 21 апрел ба поён расид, аз мусодираи 682 кило маводи мухаддир, аз ҷумла 56 кило героин, 145 кило афюн, 196 кило гурӯҳи бангдона, 284 кило ҳашиш хабар дода, қайди 28 ҷинояти одамкушӣ ва сӯиқасд дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ ёдрас шудааст. Ба қавли ВУД, ошкоршавии ҷиноятҳо гӯиё дар се моҳи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи муайяни соли 2013 1,1% афзоиш ёфтааст.
Афзоиши ҷиноятҳои қаллобӣ дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Ваҳдат аз афзоиши қонуншиканӣ ва даст задани ҷавонон ба ҷиноятҳои вазнин, бахусус гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, гаравидани баъзеи онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва гурӯҳҳои террористӣ нигаронӣ карда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |