20 000 сомонӣ ҷарима барои таблиғи наворҳои шаҳватбарангез
Абдумалик Абдураҳимов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ба ҷурми таблиғи наворҳои шаҳватбарангез 20 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст. Ин ҳукмро Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт рӯзи 22 апрел содир кард.
Масъулони додгоҳ мегӯянд, Абдураҳимов бо таъсиси сайти dwap.tj, ки ҳоло аз фаъолият мондааст, беш аз 10 ҳазор навори шаҳватбарангезро ҷо додааст. Ин сокини Рӯдакӣ дар додгоҳ гуфт, вай танҳо торнаморо омода карда, чандин линки матолибро гузошта буд ва намедонист, онҳо шаҳватбарангезанд.
Дар Тоҷикистон таҳия ва паҳну таблиғи наворҳои шаҳватбарнгез манъ буда, Кодекси ҷиноӣ барои ин ҷарима ва то ду соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ кардааст. Мақомот мегӯянд, ҷо додани наворҳои шаҳватбарангез дар Интернет зуд паҳн шуда, метавонад ба ахлоқи ҷавонон таъсир гузорад. Чун ба бовари онҳо қисми зиёди истифодабарандагони интернет ҷавононанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |