30 медали тилои варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи Непал
Варзишгарони тоҷик дар сабқати Осиё оид ба “Таэквондо ИТФ”, ки 18 апрел дар Катмандуи Непал оғоз ёфта, рӯзи чоршанбе анҷом ёфт, тавонистаанд, 30 медали тило ба даст оранд.
Наргис Набиева, раиси Федератсиюни таэквондо ва кикбоксинги кишвар, дар сӯҳбат бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, варзишгарони тоҷиқ дар ин мусобиқа хеле пешсаф буда, танҳо дар рӯзи аввали мусобиқа соҳиби 2 медали тило гардида буданд.
Дар ин мусобиқа 50 варзишгари тоҷик иштирок доштанд. Наргис Набиева мегӯяд, варзишгарони тоҷик аз рӯи ҳисоби даставӣ ҳам миёни бонувон ва ҳам писарон дар мақоми аввал қарор доранд. Баргузории чунин як мусобиқаи байналмилалӣ рӯзҳои 6 ва 7 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе низ дар назар будааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |