Бахшҳо

Мубоҳисаи Зуҳуров бо Кабирӣ дар бораи муҳоҷирон (ВИДЕО)

Ҳумайрои БАХТИЁР

Тарҳи пешниҳодии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Маҷлиси Олӣ ба парлумон рӯзи 24 апрел баҳси тундеро миёни вакилон ба вуҷуд овард. Наҳзатиҳо дар лоиҳаи худ 11 пешниҳод доштанд, ки аз миён танҳо дутои он қабул гардид. Яке аз ин пешниҳодҳо бо худкор ё ручка пур кардани протоколҳо ва дигареаш дар сурати ба даст овардани 10 дарсади овоз, баргардонидани гаравпулӣ ба номзад буд.

ҲХДТ: Нозиронро бо протокол таъмин карда наметавонем

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили ин ҳизб дар парлумон, рад шудани пешниҳодашон дар мавриди номзадии муҳоҷиронро нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон донист. Ӯ гуфт, аз 4 ҳазор сомонӣ ба 800 сомонӣ поин овардани гаравпулии номзадҳо, таъмин кардани нозирони миллӣ бо нусхаи аслии протоколҳо ва роҳ ёфтани онҳо ба комиссияҳои участкавӣ аз ҷумлаи пешниҳдҳои дигари ҲНИТ буд, ки парлумон онро напазируфтааст.



Галия Рабиева, намояндаи Саркумитаи палумони Тоҷикистон аз Ҳизби халқӣ-демократӣ, дар баромади худ гуфт, далели аслии рад кардани 9 пешниҳоди дигари вакилони Ҳизби наҳзати исломӣ ин бо меъёри дигар қонунҳо мухолифат доштани онҳо мебошад. Рабиева афзуд, шаҳрвандоне, ки муҳоҷир ҳастанд ва давоми 5 соли охир дар ҳудуди Тоҷикистон ба сар набурдаанд, ҳаққи пешбарии номзадии худро ба курсии парлумон надоранд. “Шаҳрванде, ки давоми 5 сол дар Тоҷикистон зиндагӣ накардаанд, аз ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишвар бехабаранд”,-таъкид дошт ӯ.

Галия Рабиева дар идома гуфт, пешниҳоди дигари ҲНИТ дар мавриди таъмини нозирони миллӣ бо протоколҳо аз сабаби талаб кардани хароҷоти зиёд низ рад шудааст: “Дар интихобот мо бештар аз 20 ҳазор нозирони миллӣ дорем ва имкони молии таъмин кардани ҳамаи онҳо бо нусхаи протокол вуҷуд надорад. Нусхаҳои аслии протокол давоми се шабонурӯз дар ҷойи намоёни участкаҳои интихоботӣ овезон мешавад.”

ҲКТ: Гаравпулӣ комилан аз байн бардошта шавад

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунистиТоҷикистон ва намояндаи ин ҳизб дар парлумон гуфт, далели Саркумита барои рад кардани пешниҳод дар мавриди ворид шудани намояндагони аҳзоби сиёсӣ ба комиссияҳои участкавӣ ғайримантиқӣ ҳаст: “Саркумита гуфт, мо ҳизбҳое дорем, ки онҳо имкони фиристодани намояндагони худро ба ҳар минтақаи Тоҷикистон надоранд. Ин хел нест. Дуруст аст, ки мо ҳизбҳои нав дорем. Вале дар баробари онҳо ҳизбҳое ҳастанд, ки бештар аз 70 сол фаъолият доранд.”

Шабдолов низ бо ишора ба масъалаи ширкат накардани муҳоҷирон ва гаравпулӣ гуфт, ҳизби онҳо тарафдори комилан бартараф кардани гаравпулии номзадҳост. Ба гуфтаи раиси ҲКТ, пешниҳод дар мавриди ширкати намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар участкаҳои минтақавӣ бояд қабул мегардид.

“Ин қадар... воҳима накунед”

Маврид ба зикр аст, ки бо ин баҳсҳо атрофи пешниҳодҳои вакилони ҲНИТ зиёд шуд. Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумони Тоҷикистон, аз он изҳори тааҷҷуб кард, ки чаро аҳзоб ба шаҳрвандоне, ки дар участкаҳои интихоботӣ фаъолият мекунанд, эътимод надоранд. Шукурҷон Зуҳуров гуфт, дар мавриди муҳоҷирони меҳнатӣ ҳам дар толор вакилон воҳима мекунанд: “Инҷо Муҳиддин Тиллоевич мегӯяд, мо 1,5 миллион муҳоҷири меҳнатӣ дорем. Дар ҳоле ки тибқи омори мо муҳоҷирон 700-800 ҳазор буда, Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия теъдоди онҳоро 1 миллион ё 1 миллиону 100 ҳазор арзёбӣ мекунад. Дар ҳеч куҷо гуфта нашудааст, ки мо 1,5 миллион муҳоҷир дорем. Аммо Шумо мегӯед, 1,5 милион шаҳрванди мо берун аз ҳуқуқи интихоботӣ мондаанд...”

Раиси парлумони Тоҷикистон дар идома изҳори нигаронӣ аз он кард, ки чаро вақте тамоми масъалаҳо дар Шӯро ва саркумитаҳо баррасӣ шудаанд, дар ҷаласа боз баҳсҳое ба миён меояд.

Мубоҳисаи Кабирӣ ва Зуҳуров

Зуҳуров: “Муҳиддин Тиллоевич, ман ба Шумо зиёда аз 10-12 дақиқа барои баромад додам. Тамоми ин фикрҳову баҳсҳо аз баромади Шумост. Фикр мекунам, дигар ҳоҷати баромад нест...”

Кабирӣ: “Чанд мулоҳиза пайдо шуд...”

Зуҳуров: “Мулоҳиза пайдо шуд?”

Кабирӣ: “Баъзе пешниҳодҳои мо, мутаассифона, каме моҳиятро тағйир додааст. Ман пешниҳоди Шодӣ Шабдоловро дар мавриди ба 5 дарсад фаровардани гаравпулӣ тарафдор. Мо барои он 10 фоиз гуфтем, то вакилон қабул кунанд. Агар розӣ бошанд, аслан мо тарафдори аз байн бардоштани гаравпулӣ ҳастем. Дигар масъалае, ки дар мавриди муҳоҷирон рафт, бигзор 1 миллион набошад, бигзор 100 ҳазор ё 200 ҳазор бошад, вале онҳо ҳам шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд. Гап дар сари он аст, ки матни қонуни имрӯза мегӯяд, “...агар дар давоми 5 соли охир дар кишвар истиқомат накунад, аз ин ҳуқуқ маҳрум мешавад...”

Зуҳуров: “Чанд нафар ҳамин хел муҳоҷирон ҳастанд, Шумо ҳисоб кардед?”

Кабирӣ: “Бигзор, сад ҳазор бошад, бигзор 50 ҳазор бошад...”

Зуҳуров: “Бубахшед маро, он 50-100 ҳазоре, ки давоми 5 сол инҷо зиндагӣ накардааст, ӯ шаҳрванди Русия ҳаст аллакай, аксарият.”

Кабирӣ: “Бубинед раис, биёед, масъаларо аз дигар тараф бубинем. Далелҳои мо дар асоси Сарқонун ва қонунҳои амалкунанда аст. Мутаассифона, вақте ба мо ҷавоб дода шуд, на дар асоси далелҳои ҳуқуқӣ, балки шарҳу мулоҳизаҳои шахсӣ буд...”

“Бо ин ду пешниҳод интихоботи 2015 шаффоф намегузарад”

Раиси ҲНИТ дар идома гуфт, далелҳои Саркумита дар мавриди ширкат накардани муҳоҷирон дар интихоботи парлумонӣ беасос аст. Муҳиддин Кабирӣ афзуд, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва интернет ҳар як муҳоҷир аз вазъи кишвар огоҳӣ дорад: “Дар мавриди гирифтани нусхаи протоколҳо, ки гӯиё маблағ сарф мешавад. Агар мо 20 ҳазор нозири миллӣ дорем, ҳамагӣ 50 баста коғаз лозим аст. Инро аз ҳамон ҳисоби гаравпулӣ ҳам метавонанд пардохт кунанд. Барои як кишвари мустақил набояд 50 баста коғаз мушкил бошад.”

Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили дигари ҲНИТ дар парлумон бар ин назар аст, ки бо қабули ду пешниҳоди онҳо наметавон умед бар он баст, ки интихоботи парлумонии соли 2015 ба таври шаффоф баргузор хоҳад шуд.
Мӯҳр
Мутаассифона ягона нишонаи адолат дар Точикистон Кабири аст. Хангоме у сухан мекард, Зухуров фикр мекард: бозоратро гирифтем, ором нашуди, боз чиятро гирем...

ТОЧИК
Ин мардаки Зухурова мо одами нагз мегуфтем як диктатор будааст ку

Он чизе ки айён аст хочат ба баён нест. аммо Кабири боз хамаашро асоснок кард. Аксарият (85-90%)-и мухочирон аз 6 мох то 12 мох берун аз ватананд. Ин маълумоти Иаркази тадкикоти стратеги мебошад. Бояд овози мухочирон чой дошта бошанд. Кабири МОШООЛЛОХ))))

Наход Шумо хамин мухочироне,ки хамасола ба кишвар миллиардхо доллар ворид мекунанд, чунин муносибат дошта бошед. Магар онхо шахрвандрни мо нестанд!? Ба худо ин рафтори Шумо нисбат ба бародарони мухочирамон бехурматист. Чунин муносибат маколи точикии харро кораш халолу худаш харом- ро ба ёд меояд. Агар ин мухочирони бечораву сарсн намебуданд. Шумо ба кор пмёда меомадед, на ба мошинхои хизмати. Бо аку ин мухочирон ких шудан гуед. Чи мухочир одам нес? ё ки пулашон даркору овозашон не. Ин бе мантикиро бас кунед. Шармандагист, аз Русия ибрат гиред барои як нафар шахрвандаш даркор шавад дунёро вайрон мекунад, шумо бошед овози мухочирон ба мо даркор нест гуфта гаштед. Худо донишхои хукукии шуморо баланд бардорад вагар на......

Ba Zuhurov,
shumo omori hukumatatonro yak az nazar guzaronedu buned chand foiz muhojir ba iqtisodiyoti tojik mablag vorid mekunad!in qadar nisbati unho nafrat I shumo az kujo? mardum az dasti past kardani nomi tojik, mekhohand ki millatashonro digar kunand.

ABDULLO
SALOM OZODAGON: inro honda ba hulosa omadan mumkin ast,ki guyo dar parlumon yak vakil boshad . ma,lum meshavad ,ki digar hamaash hokzan meboshand korashon qarsakzani. o baroi chi shumoro mardum intihob kard shumoham lab kushoed . satqai nonu namaki tjk shaved. ma,lum shud ki hukumat parvoi muhojir nadorad. ozododagon ba pesh!!!

косим
Зуххуров ба фикрам тамоман хислатхои инсониро фаромуш кардааст.Аввалан мухочирон бо ихтиери худ ба мардикори нарафтанд баракс мачбураш карданд.Бояд ин хукуматдорон ва мансабдорон дар навбати аввал аз интихобот махрум шаванд.чунки гунахгори асосии бекори дар Точикистонанд.Ин раис шарм надошта мегуяд.ки онхо аз хаети ичьтимои иктисоди ва сиеси давлат бехабаранд.РАИСИ магар дар точикистон ягон иктисодиет сиесат ичтимоиет аст? Магар горатгарию крохонахаробкуни ин омилии иктисоди аст? Магар барои акидаи озод доштан хабскардан.дар парломон сари хам шистан.нашрияхои озодро бастан сиесат аст? Нафакаи ночиз.мактаб.касалхона.кудакистони пулнок ичтимоиет аст.Агар шумо аз инхо бохабар бошед мухочирихо на танхо бохабаранд аз ин балки таьмин мекунанд ин норасоии шумо хабардоронро.

Кабири ба пеш худо бо шумост агар чанде болои шумо фишор оранд сабрро аз даст надихед ризкро худо мерасонад.
2)аз ин маълум мешавад ки хукукхои конститутсионии шахрвандони точикистон риоя намешавад экономикаи точикистон аз мухочирон вобастаги дорад ман тарафдори он ки 70% мухочирони точикро ба ватан баргардонанд (ие бар фоидаи хамаи миллати точик хохад буд) 1 ё 2 сол захмат мекашем вале оянда хуб мешавад ин депутатхои мо фикри худу киссахои худро мехуранд на мардумро дар хамин мачлис ба чуз Кабири касе мухолиф нест гуё Точикистон проблема надошта бошад факат таъриф куни... сухан бисёр аст вале.......
озодагон чоп кун бетараф намон

Кабири офарин !!! абармарди майдон !! Дар байни 63 вакил танхо 2 вакиле ки толору Зухуров ро ба ташвиш меовардаги будаст !! Зихии Кабири !!

99
Охир, наход, дидаву дониста ба чашми мардум хок пошанд!!! "Рафтаву омадан"-ро баҳона накунед! Гап сари он аст, ки ин муҳоҷирон дар рӯзи интихобот наметавонанд, ба хотири ин "интихоботи шаффоф" аз Русия ё давлати дигар ба Тоҷикистон омада раванд!!! Ва дар асл қариб 2 млн одам аз ҳуқуқи интихоб маҳрум мешавад, ки ин барои тақаллуб заминаи хеле хуб аст. Инро аз ҳар нафаре пурсед, медонад!!! Пас чаро аз минбари баланд дурӯғ мегӯед? То кай "ду пойро дар як мӯза андохта" мегардед?!
Барои чӣ Кабирӣ асабӣ намешаваду шумо асабӣ мешавед ва ба эҳсосот гап мезанед???

loiq
M Kabiri ba besh inshoalloh haq botilro nest mekuna xudo nigah bonat bosha
shumora va digar odamoni haqro xudo nigahboni hamai mo bosha

Бовар кунед хамин парлумоне, ки мо дорем умуман даркор нест.ягон масьаларо хам хал намекунад. ба гайр аз 4-5 вакил дигар ягонтоаш фикри шахси надорад. агар аз боло <пешниход-фармоиш> шавад, ки хамаи мухочирон ба дор кашида шаванд инхо ягон этироз намекунанд чихеле ки даркор бошад хамон хел овоз медиханд.

kabiri sheri naray digar hamma xomushan yagontaash dilu gurda namekunad ki bo zuhurov bahs kunad ammo kabiri hamavakt hakikatro meguyad Xudovand nigahdorad shumoro ogoi kabiri vakte kabiri baromad mekunad zuhurov namedonad 4i guyad fikhoi ossonu soddakada mefahmonad digar gap namiyovadu meguyad xay dida mebaroem inhoro digar 4iguyad oxir xudasham medonadki hakro guftaistodaast ammo uham majburast az bolo uroham nameguzorand 4ikorkunad unxel mardieham darkorki gapi boloro gush nakuni ammo dar yak ruz az vazifa girifta peshi zayd said ravonash mekunand baroi haminham millatro tarbiya kardandarkor toki sherba4ahoi hakgu va hakju boshand misli kabiri agar da hamin palament akalan 10 15 vakili hakiki boshad naiki bozi4a xelo xub meshavad ammo inho metarsan baroi hamin fakat odamoi xdshona memonan boz bined konun baroi zabon barovardaandki monei vakilon shavand maksadashon kabiri ast ba har vosita mexoxand uro digar roh nadihand ammo inshoalloh muvafak nameshavand kabiri Xudo bo tust yane bo hakguyon ba pesh

мухочир
Бовар кунед ман ин зухуровро одами доно мегуфтам, вале дидам ки бечора ё намефахмад ё мардумро беакл гумон мекунад. Охир шумо мегуед 5 сол бояд дар тч зиндаги карда бошад, ин мухочирони бечора аксарияташон як сол ё 2 сол дар русия кор мекнад бад миёд 1 сол зиндаги мекнад бо пулоша шмо ба хар бахона чамъ када мегирен бо мерава расия.
Гайри шмо мансабдорову авлодотон дига ягон точик 5 сол да ватан наметона зиндаги када. Ба ин конуни шумо хамихел мешавад, ки ягон точики дига номзад шида наметона чаноби раис.
Мо мухочиро ира фахмидем неки шмо хич не ки бфахмед.

мухочир
Ануш хакки гапро гуфтед офарин

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)