Бахшҳо

Барномаи тафтиши имлои забони тоҷикӣ дар компютер

Дар Тоҷикистон барномаи компютерии тафтиши имлои тоҷикӣ муаррифӣ мешавад. Расми муаррифии барномаи мазкур дар Хуҷанд (Донишкадаи политехникӣ, 26 апрел) ва Душанбе (Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон, 2 май) сурат хоҳад пазируфт.

Тарҳи “Тафтиши имлои забони тоҷикӣ дар OpenOffice.org”-ро созмони “Маркази рушди технологияҳои иттилоотии Зафар Усмонов” рӯи даст гирифта, Институти “Ҷамъияти Кушода”- Бунёди мадад ё Фонди Сорос дар Тоҷикистон маблағгузорӣ кардааст.

Гуфта мешавад, ин лоиҳаро барномасозони ватанӣ омода намудаанд. Муаллифони лоиҳа дар асоси маводи омӯхташудаи грамматикаи забони тоҷикӣ модели математикиро тартиб дода, алгоритми барномаи тафтиши орфографияи забони тоҷикиро сохтаанд. Тартиб додани комплекси барномаҳои тафтиши дурусти тарзи навишти матн боиси тезонидани суръати компютеризатсия ва раванди омӯзиши барномаҳои озод ва кушодасос дар ҷумҳурӣ хоҳад шуд.

Тафтиши автоматии имлои забони тоҷикӣ имконият медиҳад хатои имлоии ҳангоми ҳуруфчинии матн содиркардашуда инъикос гарданд ва муодили онҳо пешниҳод шаванд. Дар муаррифӣ маълумот оид ба дастовардҳои лоиҳаи мазкур ва барномаи тафтиши имлои забони тоҷикӣ пешниҳод мешавад.
Мӯҳр
Бехтарин кор мешавад!! Усманов З.Ч яке аз академикони бехтарини ЧТ мебошад.

Ин алгоритмро аввалин бор Профессор Исмоилов Мизроб Ахмедович дар Донишгохи технологии Точикистон сохта буд. Модели тахлили калима, синтези хичохо ва алгоритми калимасози дар забони точикиро хам у сохтааст. Умуман компютеризацияи забони точикиро хам профессор Исмоилов сохтааст. Озодагон хозишмандам ин масъаларо пайрави карда таткикоти журналисти гузарон ва онгох чизхои аз ин бехтарро кашф мекуни! Озодагон лутфан нашр бикун!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)