Бахшҳо

Шеърҳои антинаҳзатӣ дар “Адабиёт ва санъат”, нашрияи Иттиҳодияи адибон

“Адабиёт ва санъат”, минбари эҷодкорон ва нашрияи расмии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дар шумораҳои охираш ашъореро алайҳи Ҳизби наҳзати исломии кишвар ба табъ расонидааст. Дар яке аз ин шеърҳо ҲНИТ аз “шохаҳо”-и Ҳизби таҳрир, ҳаракати ифротии фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон хонда шудааст.

Муаллифи шеър, ки аз ӯ Шамси Шариф ном бурда мешавад, гуфтааст:

Шеърҳои антинаҳзатӣ дар “Адабиёт ва санъат”, нашрияи Иттиҳодияи адибон“Ҳизби наҳзат, наҳзати исломи пӯшиши ниқоби Тоҷикистон,
Бо “ҷиҳод”-и Ҳизби “таҳрир” тарҳи паймонест.
Ҳарду аз як чашма оби сард менӯшанд,
Ҳар ду дар як дег меҷӯшанд.
Ҳар ду дар як шикофе шоша мерезанд,
Дар таги як кӯрпа ҳар шаб хоб карда, субҳ мехезанд.”


Дар ин шеър, ки дар шумораи 17-и нашрияи “Адабиёт ва санъат” ба табъ расидааст, инчунин, муаллиф ба Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ низ ишораҳое кардааст. Муаллиф гуфтааст:

“Дар сари китфи Кабирӣ,
Пешвои Ҳизби наҳзатхори тоҷик, Халтаи қасди гадоӣ,
Хонда худро дар раҳи ислом "фидоӣ".”


Табъи ашъори “антинаҳзатӣ” дар ин нашрияи адабию фарҳангии кишвар дар ҳолест, ки ахиран рӯзномаи “Ҷумҳурият”, тайи чанд шумораи охири худ раиси ҲНИТ-ро зери тозиёнаи танқид қарор дода, сафарҳои ӯ ба хориҷ аз кишвар ва ширкатҳои мутааллиқ ба ӯву наздиконашро баршумурдааст.
Мӯҳр
Шумо дар чомеа бо ин гуна
шеърхоятон ихтилофроо бар мехезонед! Шумо бо ин кор хазорхо нахзатиро нисбати худ нафрааташонро зиёд кардед!

Маълум аст, ки дар ин 22-сол хеч коре ба кишвару ба мардум накардед. Факат сафи мухочиронро, сафи он равшанфикроне, ки ватанро тарк намуданд, зиёд намудеду тамом. Алъон, ки мардум аз ХСДТ, ХНИТ пуштибони мекунанд, шумо Чанобон рохи номардию тухмату дуругро пеш гирифтаед. Чанобон кабул кунед, шумо бо ин корхоятон дили мардумро ба даст намеоред. Мардуми Точикистон,он мардуми солхои 92-97 нест.

Сафар
Боз хамин гуна "зиёиён" ва "шоирон" даъво доранд, ки Ленин дар хакашон нохак онхоро НАЧОСАТ гуфтааст! Миллатро ана хамингуна шоирону нависандагони ТАМАЛУКкор пароканда мекунанд! Шумо он кадар шоиру нависанда шуда як маротиба дар бораи, МУХОЧИРАТ, БЕБАРКИ, КИМАТИ, ШИКАНЧА, ИСЛОМСИТЕЗИ, ПОРА, МАХАЛГАРО, нависед.......................

Абуусмон
Барои худатон. "Ҳар ду дар як шикофе шоша мерезанд" Айб аст, нахон хаминро дар хабаргузори ҷой диҳед!

Эй ахли Хизби Халки Демократи! Агар мард бошед, бозихои номардонаро нибати Кабири бас карда, мардона ба мубохисаи телевизиони бароед! Кани мо гуш кунем, шумо гап зада метонед, ё факат аз когаз хонданро омухтаед?! Ман аслан зидди ХНИТ будам, лекин ин рафторхои шумо муносибати маро ба Кабири ва хизбаш гармтар карда истодааст...ана инро фирк кунед, гарчанде шумо кобилияти фикркуни надоред...

Халк
Халтаи касди гадои дар сари китфи кист, хама медонад. :)

Устод кабири боядту ин нашриро барои ин тухмату тахкираш ба суд дихи то бубинем ки ин макомотхои мо чи кор мекунад! Акнун мебинем ин нашрияро чанд сомони чарима мекунад? Агар нашрия мучозот нашудбоз маълум мешавад ки ин хамфармоишист!!!

Рустам аз Кулоб
Баъди чунин тахкиру бадгуйихо бо нишони ЭЪТИРОЗ ман тамоми ахлуоилаамро хохиш мекунам, ки ба ХНИТ бипайвандад! Бародарону хохарони гироми аз Шумо низ талаб мекунам, ки ин корро анчом дихед! Бародарон биёйед танхо ба хотири ЭЪТИРОЗ бипайвандем.....

ЗИЁИЁН НАЧОСАТИ МИЛЛАТАНД!!! вОКЕАНД РОСТ АСТ!!! нИЁГОНИ МО ХАМА ОРИФУ ХУДОТАРС БУДАНД! ОН МАЙЕ КИ ОНХО ВАСФ КАРДААНД ОН МАЙЕ КИ ШУМО ЗИЁИЁНИ НОМУХТАРАМ МЕНУШЕДУ ПАХТАЧОН ПАХТА ЧАНОБИ ОЛИ ГУФТА ИСТОДАЕД ОН МАЙ НАБУД! НОМИ ЯГОНТОИ ШУМО ДАР ТАЪРИХ НАМЕМОНАД! ШУМО БА НОМИ НИЁГОНИ МО СИЁХИ ОВАРДЕД!!!сарсупурда,

МУСЛИМ
ШОИРХ,О БО ИН АФСОНАХ,ТОН НАМЕТОНЕД НУРИ ИСЛОМРО ХОМУШ КУНЕД .ЗЕРО ИН ДИНРО Х,ОФИЗАШ АЛЛОХ, АСТ . ШУМО БОЗ ДАЪВО МЕКУНЕД ,КИ МУСУЛМОНЕД . Х,АЙФИ МУЛЛОИ БЕГАРАТЕ , КИ Ч,АНОЗАИ ШУМО ШАРМАНДАХ,ОРО МЕХОНАД . ЯГОНТА ШОИРИ ИСЛОМДУСТИ БА НОМУС БОША ХОХ,ИШ МЕКУНЕМ БАР ЗИДДИ ИНО ЧИЗЕ ЭЧ,ОД КУНЕД ИНШОАЛЛОХ, САВОБ МЕГИРЕД .

Зиёд шудани фишорҳо ба ҲНИТ нишонаи заъфи ҳукуматдорон аст. Дар симои ҲНИТ дар асл на танҳо аз рақиби ҷиддии сиёсӣ метарсанд, балки аз Ислом низ бим доранд. Яъне Ислом ва афзоиши огоҳии динии мардумро рақиби аслии худ медонанд. "Адабиёт ва санъат" низ супоришро иҷро кардааст. Супориши болоро. Ҳайфи ин ному нашрияи Иттифоқи нависандагон будани он. Шеърҳои заъифу комилан кӯчагӣ. Сатҳи ин Иттифоқ имрӯз дигар ҳамин аст. Гапи В.Ленин дар ҳаққи ин гуна зиёиён комилан дуруст аст. Войи ин кишвар!

То 2-3 соли охир ман ХНИТ чандон ахмият намедодам, аммо холо бошад Кабири бо фикрхои мардонаю часорати баландаш тавонист маро ва бовари дорам чунин шахсон зиёданд, ки ба у бовари ва эхтиром пайдо кардаанд. Вой бар холи чунин зиёии нозиёиёна. Хамун Тутбалина 100% дуруст гуфта буд. Кучо сухан сари давалти миллию вахдати милли меравад. РОСТ АСТ КИ МАХЗ ХАМИН ГУНА МУНОСИБАТ БОИСИ НОТИНЧИ МЕГАРДАД. Ба гуфти кабири душманро берун аз худ намекобему дар дохили худ тарбия менамоем.

Озод
Ана шоиру мана шоир!ба ин хел шоир чоизаи адабии <Нобел>-ро додан даркор.Бозор чи мегуфта бошад?

ба Рустами Кулоби
Бародари чон! Асло ин корро накун афсус мехури. Аслан ин нашрия як хизби сиесиро бо шеьр тахкир карданаш аз руи одоб нест, лекин сад дар сад бовари комил дорам ин хизб факат ва факат ба халки точик зиен меорад.Номи поки ИСЛОМРО ба худ никоб карда гирифта факат инхо ба мафиати хочагонашон кор кардестан. ИЛОМ туро курат кунад кабири.

Шеърат хамчун худат маънои зиндагиро надорад. Дар як нохуни Кабири намеарзи!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)