Бахшҳо
25 апр 2014 22:17Тоҷикистон / Сиёсат

Пешниҳоди ҲНИТ дар бораи “облава” ва музди сарбозон

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои аз байн бурдани “облава” ва роҳҳои ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбию ташкили як артиши касбӣ пешниҳоди худро тавассути вакилонаш – Муҳиддин Кабирӣ ва Сайидумар Ҳусайнӣ ба парлумон ироа кардааст.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ рӯзи 25 апрел ба “Озодагон” гуфт, ин пешниҳодҳо дар шакли тарҳи нави қонун “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” омода шудаанд. Ба гуфтаи Файзраҳмонов, ҳадаф аз ворид намудани тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба қонуни мазкур аз байн бурдани даъвати маҷбурии ҷавонон ба сафи артишу ришваситонӣ дар ҷараёни даъват, таъмини беҳтари шароити иҷтимоии сарбозон ва гузоштани қадамҳои аввалин ба самти ташкили артиши касбӣ будааст.

“Дар ин лоиҳа пешниҳод шудааст, ки сарбозони даъватшуда ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ бо музди моҳона таъмин карда шаванд ва маблағи он аз музди миёнаи кишвар кам набошад”,- афзуд ӯ.

Вакилони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар парлумон барои пайдо кардани манбаи молӣ ба хотири таъмини маоши сарбозон пешниҳод кардаанд, ҳар нафаре рағбати рафтан ба сафи артишро надорад, метавонад, бо пардохти маблағи муайян аз хидмати ҳарбӣ озҳод шавад: “Ҳаҷми маблағи пардохтшавандаро ҳукумати Тоҷикистон бояд мауйян намояд. Ин маблағҳо, бар асоси лоиҳаи мазкур, танҳо ба пардохти музди моҳонаи ҳидматчиёни ҳарбӣ ва беҳтар кардани шароити хидмати онҳо равона карда шаванд.”

Дар ин замина Муҳиддин Кабирӣ ва муовинаш, инчунин, пешниҳод кардаанд, “барои пиёда намудани лоиҳаи онҳо хазинаи махсуси пуштибонии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон таъсис дода шавад, то маблағҳои пардохташуда ба ин хазина равона шаванд.”

Ин пешниҳодҳои Ҳизби наҳзати исломӣ дар ҳолест, ки қаблан бархе аз созмонҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Ампаро, барои кам кардани муҳлати хидмати ҳарбӣ аз ду ба як сол ва, инчунин, пулакӣ кардани хидмат пешниҳодҳо карда, аммо ҷавоби мусбат нагирифта буд.


Дар акс: Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ
Мӯҳр
in peshnihodi xubast ammo in hukumat dar fikri behtr kardani sharoiti mardum va xizmat4iyoni harbi nest yak sarbozro tabobat namekunand boz pul metan magar baroi inkadar sarbozi digar akalan sharoiti sarbozora xub kunand hama meravad ammo inho inxel fikr namekunand fakat bo zuri kormekunand agar xurdu xurok saru libos muomilai xub boshad hama be yagon mushkili meravand ammo agar yak sola mekardand boz xubtar meshud

Таклифхои хуб, бас аст аз хисоби мардуми бепушту панох артиш сохтану ичрои накшаи даъватро накшаи пахта хисобидан. Бигузор аз артиш ру тофтахо на барои кисаи масъулини комиссариятхо пул пардохт карда, ришвахуриро дар кишвар ривоч диханд, балки барои артиши касби пул супоранд. Ин бехтар аст.

хочи
Пешниходи хуб ман тарафдор

Сафар
Пешниходи хубу лекин бояд икрор шуд, ки артиши точик хамин хел лагери камбагалон боки мемонад.

Озод
Пешниходи хуб!аммо ин парламони параличи кнопказеркун кабул мекарда бошад?о-дируз шунидем ки сарбозеро нони кок дар гулуяш дар монда боиси халокати у шудааст.Охир намешавад нонхои кока тар карда баъд диханд!

Бале бисер пешниходи хуб рахмат бар падарат ХУДО нигахбонатон бошад

Пешниходи хеле хуб. Умедворам хукумат кабул хохад кард то ки дарачаи амнияти мудофиави ва хифзи ватан хубтар шавад.

Ё акаллан хизматро яксола кунанд, барои саркаши аз хизмат чаримаи калон таъин кунанд. Дар Россия зоиш кам буд, лекин армияро яксола карданд. Мо ки ин кадар зиёд таваллуд мекардем, ин корро кардан наметавонем?
Вале артиши касби бехтар аст албатта.

11
olim,
бале пешниходи хуб локин ин пешниход монанди дар гуши фил карнай навохтан аст барои вакилони мо

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)