Бахшҳо

Маркази миллии тестӣ дар назди раисиҷумҳур: Иқдоми хуб ё бад?

20-уми декабри соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар хиёбони Рӯдакии Душанбе “Маркази миллии тестӣ” (ММТ)-ро ифтитоҳ карда, онро қадами ҷиддӣ дар пешрафти маорифи кишвар арзёбӣ намуд.

Бархе масъулин мегӯянд, бо фаъол шудани Маркази миллии тестӣ ришваситонию тағобозӣ ҳангоми дохилшавӣ ба донишгоҳҳо рӯй ба нестӣ меорад. Суоли “Озодагон” ин навбат дар ҳамин маврид буд - “Маркази миллии тестӣ- иқдоми хуб ё бад?”


Руҳуллоҳ Ҷурабоев, корманди бахши маориф
Маркази миллии тестӣ имконият медиҳад, ки довталаб бештар ба таҳсил ҷалб шавад. Ин бори аввал дар Тоҷикистон таҷриба мешавад ва ин услуби корӣ нав ва хуб ҳам ҳаст.

Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки бо усули тестӣ супоридан шаффофият то кадом дараҷа ҳаст. Дар ин усули корӣ ягон шакли ришвагирӣ ба назар намерасад. Чунки тест дар ҳуҷраҳои алоҳида мегузарад, аз рафти он назорат бурда мешавад. Ва ҳамчунин шаффоф будани ин услуби корӣ аз нангу номуси масъулин низ вобаста аст. Вале ба ҳар сурат барои ҷорӣ кардани ин усули корӣ мушкилот низ вуҷуд дорад. Барои мисол дар деҳаҳо давоми 6-7 моҳ бо барқ таъмин набудани муассисаҳои таълимӣ метавонад монеа омодашавии бачаҳо барои гузаштан ба низоми тестӣ гардад.

Мирзошариф Шодиев, сардори шӯъбаи тақсим ва ҷобаҷогузории довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ

Ин иқдоми хуб аст. Ба хотири он, ки дигар фақат нафароне ба муассисаҳои олӣ метавонанд дохил шаванд, ки дар ҳақиқат мехонанд ва дониш доранд. Яъне имкони “тағобозӣ” аз байн рафт.

Имкони бо дигар роҳ дохил шудан аз байн рафт. Аз ин ба баъд довталабон фақат дар фикри хондан мешавад ва дигар имкон ба монанди одам ёфтан ва бо дигар роҳ супурдани санҷишу имтиҳон аз байн меравад. Ман бо бовари комил метавонам бигӯям, ки ҳамаи кормандони марказ содиқона кор мекунанд, ва ҳеч имконе вуҷуд надорад.

Нуроншо Ҷалилов, сокини шаҳри Душанбе

Иқдоми бад нест. Кишварҳои рушдёфта ин иқдомро дар садсолаи гузашта ҷорӣ карда буданд. Ҷиҳати мусбии ин он аст, ки он кудаконро водор мекунад, то мустақилона барои дарсомӯзиву дохилшавӣ машғул шаванд. Ин услуби хуб барои муаяйн кардани низоми холдиҳӣ мешавад.

Монанди дигар кишварҳо бо муаяйн кардани сатҳи омодашавии наврасон мо метавонем, низоми умумии омодашавиро дар дохили кишвар дақиқ кунем. Ин имкон фароҳам меорад, ки дастрасии тамоми аҳолӣ барои идомаи таҳсил дар муасиссаҳои олӣ баробар бошад. Чунки то имрӯз дар дохили кишвар “тағобозиҳо” буда, он дохилшавии баъзе аз шахсони лаёқатмандро маҳдуд мекард.

Аммо ба ҳар сурат ин марказ метавонад аз тарафи як гурӯҳ инҳисор шавад. Ҳадди ақал бо дарназардошти он, ки мансабдорони мо барои ришва додан ва пора гирифтан одат кардаанд. Ҷиҳати дигари манфии маркази миллии тестӣ метавонад он бошад, ки ин марказ бойиси имконияти нобаробар барои дохилшавӣ гардад.

Ба ҷойи он, ки мақомоти мо бо ҷорӣ кардани ин низом хушҳол гардад, беҳтар мебуд фикр кунад, ки ин марказ ба чӣ оварда мерасонад. Барои мисол бо низоми тестӣ ҳамеша бачаҳоро танҳо барои интихоби ҷавоби “ҳа” ва “не” одат мекунонанд. Дар замони муосир барои бачаҳои мо кифоя аст, ки дилхоҳ ҷавобро аз интернет пайдо намоянд. Яъне, кудак имконияти мустақилона ва инфиродӣ андеша карданро аз даст медиҳад. Яъне, албатта бо ин низом донишгоҳ метавонад бо баҳои хубу аъло як нафарро донишҷӯ кунад, аммо маълум нест, ки ояндаи он наврас чӣ мешавад.

Ҳамчунин омили равонии ин марказ ҳам ҳаст. Яъне, наврас бисер парешон барои супурдани чунин имтиҳон мешавад. Илова бар ин ман баъид намедонам, ки масъулини маркази миллии тестии мо ҳам дар ояндаи наздик дар ин маврид бо “из”-и ҳамтоёнашон аз Русия нараванд ва ҷавобҳои саволҳои тестӣ дар зудтарин фурсат дар фурӯшгоҳҳо пайдо нашавад.
Мӯҳр
Рахмдил
Дар маркази милли тести таго бози шуда истодаас. 3 нафар довталаб рафтан 2 нафарашон пул додан дониш надоштан кабул шуд. 1 нафарашон дониш дошт аммо пул надод кабул нашуд. барои кабул шудан 5 хазор сомон будас аз руи маълумотхо фахмидаам боз дигарашро намедонам

боз як корхона, барои пораву ришвагири. як кас нестки худи хамуxоро тест бгира.

Андеша
Ба андешаи ман кормандони Маркази тести рох ёфта муайян мекунанд, ки онхоро ки назорат карда истодааст. Яъне аз Агентии мубориза бо коррупсия ё Дастгохи Президент, хатто агар бо рохи пинхони хам бошад. Баъд бо онхо забон як карда, аввал одамхои онхоро, баъд одамхои худашонро аз тест бахои мусби дода, ба мактаб дохил мекунанд. Бинобар ин кормандони Маркази тести хам бавичдону бевичдон дорад. Бе ин намешавад. Акалан бевичдонхояшро ёфта корро буд кардан мумкин.

Шахрванд
Мухтарам нависандагон пеш аз он ки ягончи менависед аввал андеша кунед холо имтихон сар нашуда кучо гузаштаанду кучо нагузаштаанд. Холо экзамен 1-07-2014 огоз мегардад.
Рахмдил,

Саид
Мебахшед бародарон ддонишу аклу-андешаро танхо-иншо муайян месозад.Ба диккати хамаатон мерасонам,программаи cохаи маорифи CCCР ро соли-1994 Финландия пазируфт ва имруз баъди 20 сол дар Аврупо ва чахон ба чои 1 ум баромад.Хитой бошад программаи спортии СССР-ро кабул карда дар мухлати кутох империяи спортии чахон шуд.Кор то ончое-рафт,ки Путин-чанд сол пеш-пинхони одамонашро оиди-сирри-муваффакитятхои Чин фиристод.Онхоошкоро ба ин "демократ" хои рус"сир" ро гуфтанд:"Программаи варзишии CCCР"!!!!!ва план--хои 5 cолаи-коммунсити! Ин чосусон"демократ"-хои рус аз ончо-шарманда ва сархам бо кахру-газаб баргаштанд.Аз як тараф -за-держава-обидно!Аз тарафи дигар-ин-мардумро-лозим-омад ки боз--кам-кам-ба-СССР программа-хои бузургаш ру-ба-ниёз-оваранд.

Ин Маркази тестии таърифитон аз фариштахо иборат нест. Он чо хам "точикои худмон" хастанд. Аллакай "ставкахо" муайян шуданд. Так что, офтоба бо доман пушонида намешавад. Факат хайфи хамин кадар пуле, ки барои ин чорабинии навбати харочот шуд. Хуб набуд, ки як микдор хона барои муаллимони бечора месохтанд.

Ҳайронам, чаро камбудиро бо номи худаш намегӯем. "ТАҒОБОЗӢ, ТАҒОБОЗӢ.." Чаро "ПОРАДИҲӢ, ПОРАГИРӢ, РИШВАСИТОНӢ, ФАСОД" намегӯем? Оё аз чизи буда шарм медорем? Шарм медоштем, фасод та ба кӯчактарин ҳуҷайраҳоямон сироат намекард. "Он чизе ҳаст айён, нест ҳоҷати баён", мегӯянд дар урфият. Саъдии бузург беҳуда нагуфтааст:"... ЧУ УЗВЕ БА ДАРД ОРАД РӮЗҒОР, ДИГАР УЗВҲОРО НАМОНАД ҚАРОР..." Дар фасод ин Маркази миллии тестӣ истисно нахоҳад буд. Агар истисно бувад, пас, муаллимони макотиби олӣ ё аз кор мераванд, ё аз паси дигар "манбаъи" зиндагӣ мешаванд. Яъне дигар фасодкорӣ мек.....

Албата дар болло друст кайд намудан ки дигар ба кавле ки тагабози намешавад аммо интавр шавад бехтарин кору фаъолият дар кишвари азизи мо мешавад.ЛЕКИН МУТААСИФОНА БОЗ ХАСТАН БА ФИКРИ МО КИ РОХХОИ ХАЛЛИ ИН МАСЪАЛАРО НИЗ МЕЁБАНД

Рузхои 2-3 июл бачахо имтихон супорида омад.Акнун натичахои онро аз кучо донистан мумкин?[

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)