Бахшҳо
28 апр 2014 11:49Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Дарси "мардикорӣ" дар мактабҳои Тоҷикистон?

Мудири яке аз мактабҳои ноҳияи Файзобод пешниҳод кардааст, ба хотири баланд бардоштани сатҳи огоҳии муҳоҷирон аз синни донишомӯзӣ ба наврасони тоҷик аз “фанни муҳоҷират” дарс гуфта шавад. Абдуҷаббор Саъдиддинов, мудири мактаби рақами 20-и Файзобод ин нуктаро дар мулоқот бо намояндагони Идораи муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баён доштааст. Ӯ гуфтааст, мақомот дар бораи муҳоҷират китобчаи махсусеро таҳия карда, дастраси омӯзгорону донишомӯзон кунанд.

“Бояд соатҳои дарси забони русӣ дар мактабҳо бо ҷалби муаллимони забони русӣ бештар шуда, китобчаи махсус дар бораи муҳоҷират барои мактабҳои миёна таҳия гардад ва ҳамчун фанни дарсӣ тадрис шавад”,-таъкид доштааст ӯ.

Бар асоси иттилои Оҷонси давлатии “Ховар”, ҳафтаи гузашта масъулини Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳияи Файзобод, аз ҷумла сархатибони масҷидҳо, мудирони макотиб, раисони ҷамоат, ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ мулоҷот карда, бархе аз масоили марбут ба муҳоҷиратро шарҳ додаанд.

Дар ҳоли зоҳир, бино ба иттилои расмӣ, ҳудуди 1 миллион ва бар асоси манобеи ғайрирасмӣ беш аз якуним миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия машғули кору зиндагиянд. Онҳо ҳар сол ба хонаводаашон дар Тоҷикистон беш аз 4 миллиард доллар пул мефиристанд, ки бештар аз буҷаи солонаи кишвар мебошад.
Мӯҳр
1
э мардум мо дар мактабо мухочирони кори барои расияра тайор мекнем.

мардикор
якта пешниход ба чои вазорати маъориф вазорати МАРДИКОРБАРОРИ монанд.

Ягон чои шарму айбаш нест, Чори намоед! Шарму айб дар ФР хаст , ки аз Точикистон шиноснома доранду Руссиро намедонанд, тули 20-сол аст, ки сафи Муочирин сол то сол зиёд мешаваду кам не! Пас чи чои таъна задан аст! Рост гуфтааст, мудири мактаб! Бубахшед зиндагии кисман шахрвандони Душанбе (хамаашон не) агар дар Душанбе гузаро бошад, 90 % Чумхури аз хисоби мухочират руз мегузаронанд!! Боиси дастгирист! Хисси милат дусториатонро ба ягон вакти дигара монед!!! Рахмат гуянд хамин хал, ки бо чунин аклу донишашон хамин мардуми Рус мегузоранд, ки дар ин чо кор ва зиндаги кунанд!

Ба чои он, ки ба онхо дарси мардикор буданро омузонед, бехтараш омухтани фанхои дакикро пурзур намоед, маошро бардоред, ягон заводу фабрика кушоед, то кай бачахои мо аз зану фарзанд дур зиндаги кунанду, хочатхонахои дигаронро тоза намуда, генофонди мардуми дигарро бех намоянд. Фарзандони худашон дар ин чо беахамияту сарсон мондаанд.

Абдучабор фикр кардаст ки мактабхои мо танхо мухочир омода месозанд дар асри бисту як омухтани технакаю технологияи муосирро фаромушт кардаст мо бояд дар мактаб аклхои миллатро тарбия кунем на мухочири коро хайф ки ту боз мудири мактаб мухтавои мактабро дон мухтарам мудир!!!

номус
акун дига кор нест мехохи хами точик мухочир шавад бас кинен нобакориетуна шарманда накунетун точика.

Ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳияи Файзобод, аз ҷумла сархатибони масҷидҳо, мудирони макотиб, раисони ҷамоат, ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ ! Щумо китобчаи нависед, ки каи ва ба кадом васила аз ин Гуломи мо халос шавем.

zzzz
Агар инро ичро кунанд, Ин халк, як умр мардикор бок,и мемонад.

99
""ДАРСИ ҒУЛОМӢ" мегузаронем", гӯед!!!

Афсус касе нест ки фикри ояндаи миллати моро кунад ҳамаш одамонро фиреб мекунанд қасам ба ватан мехуранд барои фиреб додани мардум
ту агар номус дошта боши шаҳрвандатро кори муздури меомузи тобакай ин ҳукуматдорони мо мардумро фиреб мекарда бошанд

Вообще то идея хорошая, только надо как то красиво ее преподнести ученикам, например у всех идеология такая что не нужно в армию идти покалечят и все, вот про миграцию тоже можно что на подобии придумать...

Ин Абдуҷаббор Саъдиддинов-ро бинед ки аз кудакони точик мехохад аз синни мактаби мухочири мехнати, яъне гуломи давлати бегона таёр кунад.
Эй, ба фарзандонамон мо бояд илмхои дакик, технологияи замонави ва забонхои хоричи омузонем. Ва аз онхо дар оянда мутахасиси оли ва на мухочир омода кунем.
Илтимос шархамро чоп кунед, то ки чунин устодон хонанд.

dj
Ба чои таргиб кунанд, ки мухочират нараванд ин мухочират равоншон карданияй

Дуст бошед,шукрона кунед,шукрона кунед,ки чунин Ватани зебо доред...

Пешниходи оличаноб! Шукрона кардан даркор
ки. Аккалан хамин мардикориида ичозат додианд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)