Бахшҳо
28 апр 2014 15:27Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Ҳамла ба Сайидумар Ҳусайнӣ ва ронандааш дар Хоруғ

Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон ва ноиби раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ки барои расонидани паёми раисиҷумҳур субҳи 28 апрел ба Хоруғ рафтааст, мавриди ҳамла қарор гирифтааст.

Ба гуфтаи ӯ, як гуруҳи 15-нафарӣ дар дафтари ҲНИТ дар Хоруғ ба ӯву ронандааш дарафтода, гуфтаанд, барояшон ин ҳизби исломӣ лозим несту бояд ҳарчӣ зудтар ин маконро тарк кунанд. “Ин 15 нафар мардони ҳамлагар буданд, ба ҷуз онҳо 4 чаҳор зан низ буду берун аз бино одами зиёде қарор доштанд”,-гуфт ӯ дар сӯҳбат бо “Озодагон”.

Ин вакили парлумон мегӯяд, ҳарчанд онҳо талаби афроди ҳамлагарро қонеъ карда, дафтари кории ҲНИТ-ро тарк кардаанд, вале ҳангоми савор шудан ба мошин ронандаи ӯро мавриди латту кӯби шадид қарор дода, ба худи Ҳусайнӣ низ ҳамла намудаанд: “Ронандаи маро чунон латту кӯб карданд, ки дигар қудрати пушти чанбарак нишастанро надошт ва ман ба ҷои ӯ нишастам, ки ба ман низ дарафтоданду қариб монда буд, аҳволи маро аз ӯ бад кунанд.”

Сайидумар Ҳусайнӣ мегӯяд, ҳадаф аз сафари онҳо танҳо расонидани мӯҳтавои паёми солонаи Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Хоруғ буд, на чизе бештар аз он. “Қарор буд, соати 14:00 бо раҳбарияти шаҳри Хоруғу вилояти Бадахшон мулоқот кунем, вале вақте рафтем, моро даромадан намонданду гуфтанд, раҳбарият нест ва аз мулоқот низ хабаре надорем. Чун ба дафтари кории ҳизб омадем, ҳамлагарон низ аз паси мо вориди бино шуданд ва ин ҳолат рух дод”,-афзуд ӯ.

Муовини аввали раиси ҲНИТ аз он нигаронӣ дорад, ки яке аз кормандони бахши ҳизб дар вилояти Бадахшон аз сӯи афроди ҳамлагар, ки либоси мулкӣ доштанд, боздошт шуда, ба шуъбаи умури дохилӣ интиқол ёфтааст: “Ин ҳамлагарон худро корманди милитсия муаррифӣ карда, нафари моро дасту пояшро баста, ба шуъбаи умури дохилӣ бурданд.”

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 23 апрел ба аъзои Маҷлиси Олӣ, ки шомили Маҷлиси Намояндагон ва Маҷлиси Миллист, паёми солонаи худро ироа кард. Дар ин паёми оқои Раҳмон дар бораи сиёсати хориҷӣ, масоили иқтисодӣ, аз ҷумла харҷи сокинон барои гутфугӯи телефониву харидории мошинҳо, амният ва ҳифзи ваҳдати миллӣ сухан гуфта шуд. Дар пайи ин, вакилони Маҷлиси Намояндагон муваззаф гардиданд, шурӯъ аз 28 апрел ба минтақаҳо рафта, мӯҳтавои паёми раисиҷумҳурро ба мардум, бахусус интихобкунандагон мефаҳмонданд.
Мӯҳр
Бадахшони
Ба мухтрам бародарони ХНИТ онхо хамашон гумоштахои хукумат ва одамони макомот мебошанд. Иншоаллох ба наздики изхороти мо мардуми бадахшон нашр мешавад.

точик
холатон аз ин бадтар! холо хамин Хоруг чои озодиву бе саллафигарист ва шумо мехохед онро ба Тавилдара тартиб дихед,. мардуми ончо хама бомаълумотанд ва намехоханд пойбанди ин гумрохи бошанд. Ташаккур ба миллати Бадахшон. Кош хамаи мардуми Точикистон ин гуна бофахм мебуданд

Точик
Биё бас кун ман Бадахшониям, ман басаводам дигар кор надори то хол азмиллатгароиятон намаромадед!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Бадахшони
Ба Точик. Мо ку бо хамаи мардуми Точикиситон якем.Аммо мисли Шумо баринхо миллатро тафрика андохат ин минтакро бо минтакаи дигар бад кардаву мехохед умри хукумадориатонро дароз кунед. Ин хайёлхои хоматонро фаромуш кунед. Ин фишорхои шумо моро кави мекунанд. шарм кунед мардак назди мардуми мо омаддааст аммо макомоти шумо ба онхо хамла карда мехоханд инро болои мардуми мо бор кунанд. Ба максадатон намерасед ва ту номатро Точик гуфтаи аммо хидматгори узбакхои фахмо.

Адл
Ин чи хел мешудааст, ки Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон ва ноиби раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо раиси Дастгоҳи Хукумати Хоруғ мулоқот карда натавонистааст ва боз уро дар дафтари ХНИТ кабул накардаанд. Савол меафтад, ки агар ба чойи Сайидумар Хусайни, дигар вакили Маҷлиси Намояндагон барои расонидани мӯҳтавои Паёми солонаи Эмомалӣ Раҳмон ба Хоруғ мерафт, чунин холат руй медод, харгиз не. Агар мардум мехост, албатта бо нону намак пешвоз мегирифтанд. Ба хар хол нисбати у сахт бехурмати кардаанд, ки чунин рафторро катъиян махкум мекунам. Шояд дар таги коса нимкоса бошад, ки холо нагуфтаанд, вагарна бе сабаб бовар намеояд, ки бо онхо чунин муносибатро раво дидаанд. Хазор тавба аз чунин окибати вохурии накшави.

Мавлави
Окибати СБАР чунин аст! То Шумо ХНИТ даъво накунед холатон аз ин бад мешавад!

Это провокация - 100%!!!

НАЗИР
Ба маълумотатон то хол мардуми Бадахшон аз ин ходиса огох нашудаанд. хамкун баъзе бародарон менависанд ки ин коро махз хукумат ташкил кардааст.

ПАЁМИ ЧАНОБИ ОЛИРА ХОЧАТИ ФАХМОНДАН НЕСТ, ТОЗА ТОЧИКИ ВА ОМАФАХМАИ. САИЙД УМАР ШУМО КАМТАР ДАМ БИГИРЕН, ЯГОН АРАБУ ТУРКУ УРУС МО ВА ШУМОРО ИН КАДАР ОЗОД НАБОНДА БУД. ИМРУЗ ИМОМ АЗ ХУДАТОНАИ ИН КАДАР БЕТОКАТИ МЕКУНЕД.

Абдуллох
Ассалому Алайкум :Бародарон Ман Тарафдори ХНИТ нестам, локин ин кор окибати хуб надорад. Ин хама кори амнияти милли аст. Вай ба чойи амн нигох доштани кишвар беамниро дар кишвар ч,ори кардааст.

исмоили буни
Бародарони ХНИТ тамоми мардукми бадахшон бо шумо бадбини надорад ва барои мо шумо хамчун хизбед ки мумкин дар бисьер мавридхо хак бошед.Лекин Хоругихо зархариди бисьер дорандва инхо дар забон мухолифин дар амал лаганбардор.Дур нараФта вокеьаи ду сол пешро ба ед биеред .Имруз боз намедонам чи фикр дар сар доранд.Мо бадахшониени дигар нохияхои бадахшон узр мехохем аз шумо.ОЗОДАГОН ИЛТИМОС БЕ ТАХРИР НАШР НАМОЕД

Abdulloh
Barodaron in kore,ki bar sari Saidumar Huseyni kardand yak fitna ast,boyad hukumat chunin korhoro sari vaqt peshgiri namoyad.Бадахшони,
Бадахшони,

САФАР
О ЧИ ЛОЗИМ КАШМАКАШ КАРДАН!КОРЕ КУНЕД,КИ ХИЗБИ КИССАГИ ШАВЕД ТАМОМ!НАХОД НАДОНЕД,КИ ИМРУЗ ВАХДАТИ МИЛЛИ МУТЛАККО ВУЧУД НАДОРАД.

gelosmo
Tavba. In mardako kujoe ravan tenj nameshinan

PAMIR
salom barodaron:mardumi badahshon in hel nomard nestand. man bo bovarii komil ba hama meguyam ki in hamaash sokhta buda tanho muvofiqi naqsha ijro gardidaast. Holo hsohid boshed kase taftishot namebarad misli hamon zanhoe ki ba daftari Zoirov rafta budand. OLLOH kur gardonad nomardoi TJK . ozodagon ozod bosh

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)