“Равшан” клуби “Вахш”-ро шикаст дод ва се имтиёз гирифт
Бозии тимҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, ки дар доираи даври сеюми чемпионати Тоҷикистон баргузор шуд, 1:0 ба фоидаи аввалӣ анҷом ёфт.
Голи ягонаро Наврӯз Рустамов дар дақиқаи 17-ум ба самар расонд. Дар дақиқаи 67-ум довар Насрулло Кабиров ду бозигар -- Шодиҷон Муродов аз “Равшан” ва Сайдамир Сайдаҳмад аз “Вахш”-ро аз майдон берун кард.
Баъди ин дидор “Равшан” бо се имтиёз ба зинаи ҳафтуми ҷадвали мусобиқот баромад. “Истиқлол”-Душанбе ҳануз дар садри ҷадвал қарор дорад. “Энергетик” ва “Хуҷанд”, ки ҳар кадом панҷ имтиёзӣ доранд, мутаносибан ҷойҳои ду се серо ишғол кардаанд.
Дар робита ба бозии дӯстонаи тимҳои миллии Тоҷикистон ва Афғонистон, ки 4 май дар Душанбе баргузор мешавад, ба бозиҳои чемпионат танаффус эълон шудааст. Бозиҳои даври чорум 10 ва 11 май баргузор хоҳанд шуд. “Истиқлол” бо “Хуҷанд”, “Вахш” бо “Парвоз”, “Регар-ТадАЗ” бо “Равшан”, “Далерон-Уротеппа” бо ССКА “Помир” ва “Энергетик” бо “Хайр” қувваозмоӣ мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |