Бахшҳо
29 апр 2014 11:31Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Вести экономика: Осиёи Марказӣ барои об дар остонаи ҷанг аст

Торнамои “Вести экономика”-и Русия дар як матлаби худ мизони пасти об дар обанбори Токтокули Қирғизистонро, ки заминҳои Узбакистонро то ҳадде ташналаб хоҳад гузошт, оғози якдигарнофаҳмиҳо миёни кишварҳои поёнобу болооби Осиёи Марказӣ номидааст.

Ин торнамо навиштааст, “Узбакистон ҳамасола барои обёрии заминҳои пахта наздик ба 53 миллиард метри мукааб об ниёз дорад ва бар илова дар фасли рушди он боз 3 миллиард метри мукааби дигар об лозим аст. Ин ҳамаро Узбакистон аз обанбори Токтогул мегирад.” Аммо, ба гуфтаи “Вести экономика”, дар ҳоли ҳозир дар обанбори мазкур танҳо 8 миллиард метри мукааб об ҷамъ шудааст, дар ҳоле ки бояд он ба 11 миллиард метри мукааб бирасад.

“Бори аввал нест, ки Қирғизистон ба камбуди об мувоҷеҳ мешавад. Соли 2013 дар пайи мизони пасти об дар обанборҳо вилояту шаҳрҳои Намангон, Андиҷон, Фарғона, Сирдарё, Ҷиззах, Тошканд, Самарқанд, Бухоро Қашқадарё, Хоразм ва Сурхандарё ба камбуди об рӯбарӯ шуданд”,-таъкид кардааст Вести экономика.

Вести экономика: Осиёи Марказӣ барои об дар остонаи ҷанг аст


Дар идомаи матлаби ин торнамо омадааст, “захоири об дар Осиёи Миёна сабаби нофаҳмиҳо миёни Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон гардидааст. Вазъ баъди фурӯпошии Шӯравӣ дар соли 1991 якбора муташаниҷ гардид. Гап сари ин аст, ки баландравии нархи гази содиротии Узбакистон Қирғизистон ва Тоҷикистонро ба бунёди неругоҳҳои барқи обӣ бо ҳадафи интиқоли неруи барқ ба Осиёи Ҷанубӣ маҷбур месозад. Дар натиҷа об барои ҳалли мушкили энергетикӣ сарф мешавад ва мушкили кишоварзии ҳамсоякишварҳо дуюмдараҷа мегардад.”

“Мақомоти Тоҷикистон барои роҳандозии тарҳҳои гидроэнергетикӣ талош мекунад. Заминҳои корами ин кишвар ҳамагӣ 7 дарсад аст ва коркарди нафт ба сатҳи пасттарин мерасад ва самти асосӣ барои ин давлат содироти нерӯи барқ мемонад. Бо назардошти камбуди об дар минтақа, махсусан барои Узбакистон, Қазоқистон ва Туркманистон талошҳои Тоҷикистон барои зиёд кардани обанборҳо барои бунёди нерӯгоҳҳо ва содироти он метавонад ба таври қобили мулоҳиза танишҳои минтақаро тезонад”,-хулоса кардааст Вести экономика.
Мӯҳр
99
Урус худаш аз ҳозир баҳона карда истодааст, чунки мехоҳад бо ҳар роҳ байни ин мамлакатҳо ҷанг шавад. Дар он сурат бо баҳонаи миёнаравӣ ин кишварҳоро пурра аз худ карданист!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)