Даргузашти ҳамсари генерали мустаъфӣ Абдулло Ҳабибов
Ҳикоятмоҳ Амирова, ҳамсари генерели мустаъфӣ Абдулло Ҳабибов, ки ба ҳайси омӯзгор дар мактаби миёнаи рақами 92-и пойтахт кор мекард, даргузаштааст.
Хонум Амирова аълочии маорифи Тоҷикистон буда, соли 1997 дар озмуни муаллими сол низ пирӯз омадааст. Вай дар зиндагии якҷоя бо Абдулло Ҳабибов 11 фарзанд ба дунё овардааст, ки ҳоло ҳар кадомашон соҳиби маълумоту ҷои кор мебошанд.
Абдулло Ҳабибов, раиси Ҳаракати ҷамъиятии “Дӯстони Русия”, дар даврони Шӯравӣ дар мансабҳои баланди ҳукумативу ҳизбӣ адои вазифа кардааст. Баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ ва соҳибистиқлолии Тоҷикистон чанд муддат муовини вазири дифоъ ва вакили парлумон низ будааст.Дар акс: Абдулло Ҳабибов
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |