Қирғизистон ният дорад, аз Тоҷикистон барқ бихарад
Қирғизистон аз омодагии худ барои харидории нерӯи барқи Тоҷикистон дар фасли тобистон хабар дод. Бактигул Баетов, котиби матбуотии Вазорати энержӣ ва саноати Қирғизистон, гуфт, ин ниҳод тасмим дорад, бо ҳамтоёни тоҷики худ дар ин робита гуфтушунидро ба роҳ монад.
Ӯ мегӯяд, дар рӯзҳои наздик гуфтушунид миёни мақомоти тоҷику қирғиз оид ба интиқоли 500 миллион киловатт соат нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Қирғизистон баргузор хоҳад шуд. “Яъне, мехоҳем, аз Душанбе ин миқдор нерӯи барқро харем, чун онҳо дар фасли тобистон барқи зиёдатӣ доранд”,-афзудааст Баетов.
Ин масъули Вазорати энержӣ ва саноати Қирғизистон аз поин шудани сатҳи об дар обанбори нерӯгоҳи барқи обии Токтогул хабар дода, далели онро афзоиши ниёзмандӣ ба нерӯи барқ дар кишвараш маънидод кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |