Муҳаммад Башор Арафот дар Узбакистон аз нақши Ислом дар Амрико мегӯяд
Муҳаммад Башор Арафот, имоми маъруфи амрикоӣ ҳафтаи равон вориди Узбакистон мешавад.
Дафтари матбуотии сафорати ИМА дар Тошканд гуфтааст, дар ҷараёни ин сафар Башор Арафот бо намояндаҳои ҳукумат, руҳониёни маъруф ва донишҷӯён мулоқот мекунад.
“Имом Арафот ҳамчунин меҳмони клуби муколамавии Chai Chat Club-и сафорати Амрико мешавад”,-хабар додааст манбаъ.
Дар ҷараёни мулоқотҳо имом аз нақши Ислом дар Иёлоти муттаҳидаи Амрико мегӯяд.
Имом Муҳаммад Башор Арафот дар Димишқи Сурия таваллуд ва ба воя расидааст. Ӯ фориғутаҳсили Донишгоҳи Димишқ буда, дар ҳоли ҳозир имом Арафот раҳбаи Шӯрои исломии Мэриленд дар Балтимор аст. Вай бунёдгузор ва президенти Фонди ҳамкори ва мубодилаи сивилизатсия (CECF - Civilizations Exchange and Cooperation Foundation) мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |