Бахшҳо

Бобоназарова: “Шукурҷон Зуҳуров нисбат ба муҳоҷирон беҳурматӣ кард” (ВИДЕО)

Ҳумайрои БАХТИЁР

Ойниҳол Бобоназарова, роҳбари созмони “Перспектива+” ва номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар интихоботи соли гузашта, ҳарфҳои охири Шукурҷон Зуҳуров -- раиси Маҷлиси Намояндагон дар бораи теъдоди муҳоҷирон ва фаъолияти САҲА (ОБСЕ) дар кишварро беҳурматӣ донист. Ӯ гуфт, “агар парлумони мо парлумони демократӣ мебуд, вакилон худ истеъфои Зуҳуровро талаб мекарданд”.

Ин ҳуқуқдони тоҷик дар идома афзуд, “Владимир Жириновский нисбат ба муҳоҷирон беҳурматӣ мекунад ва суханҳои паст мезанад. Барои як кишвари демократӣ такрори суханони Жириновский айб аст. Зуҳуров набояд фаромӯш мекард, ки маҳз теъдоди зиёди муҳоҷирон ба тарафдории ҳамин раиси парлумон овоз дода буданд. Афсӯс, ки қонун дар бораи бозхонди вакилонро надорем.”



Ойниҳол Бобоназарова илова кард, Зуҳуров дар ин баромадаш, инчунин, суханҳои пастубаландеро алайҳи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо баён доштааст, ки паёмадаш барои кишвар нохуб хоҳад буд. “Шукурҷон Зуҳуров набояд фаромӯш кунад, ки Тоҷикистон аъзои ин созмон аст. Агар ӯ дар мансаби поёнтар мебуд, яқин чунин ҳарфҳоро изҳор намедошт. Дар Тоҷикистон бисёр мансабдорон тайёранд, ки барои нигоҳ доштани мансаби худ ба ҳар кор даст бизананд. Зуҳуров низ талоши нигоҳ доштани мавқеи худро дорад. Азбаски давлати Тоҷикистон хостори гузарондани ислоҳот нест, чунин мавқеъгириҳо метавонад барои ҳифзи курсӣ кумак кунад”,-таъкид дошт ӯ.

Раҳбари “Перспектива+” мегӯяд, “шояд эътироз кунанд ва гӯянд, ки парлумон мустақил аст. Вале, дар асл, ин шохаи ҳокимият дар кишвари мо мустақил нест. Зуҳуров танҳо ба хотири нигоҳ доштани курсии худ чунин гуфтааст.”

Маврид ба зикр аст, ки 24 апрели соли ҷорӣ раиси парлумони Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров зимни баррасии тарҳи қонуни вакилони ҲНИТ “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олӣ” гуфт: “Ба умеди ОБСЕ (САҲА) нашавед. Як камтар таҳлил кунед, дар куҷое, ки дасти онҳо то охир буд, дар он ҷо ҳеч вақт на тинҷӣ буд, на оромӣ буд ва на демократия буд. Ин як. Дувум ҳамин аст, ки ҳар як минтақа, мардум ва миллат менталитет, шароит ва таърихи худашонро доранд.”

Оқои Зуҳуров инчунин бо Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва раиси ҲНИТ дар бораи теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русия вориди баҳс шуд. Дар ҳоле ки Кабирӣ гуфт, феълан дар Русия якуним миллион шаҳрванди кишвар машғули кору зиндагиянд, Шукурҷон Зуҳуров ин рақамро “воҳима” донист. Вай афзуд, бар асоси иттилои расмӣ шумораи муҳоҷирон ба 800-900 ҳазор баробар аст ва чанд ҳазори онҳо, ки дар тғӯли панҷ сол дар Русия зистааст, алакай шаҳрванди онҷост.
Мӯҳр
Инихобкунанда
Парлумони Точикистон хеч вакт мардуми набуд ва нест. Кадом вакт, диедм,ки парлумон аз манфиатхои мардум чи дар дохили кишвар ва чи дар хорича химоят карда бошад. Вакташ мерасад ва ин дар ном вакилони мардуми дар назди халки точик чавоб хоханд гуфт.

Овоздиханда
Зухуров истеъфо!

muhojirbacha
Salom ozodagon: in SH Zuhurov pesh iser gpoi hub meguft holo ki boshad yak zina bolo raft , diga muhojirona tojik hisob namekunad. DA ta,rif tuf kadi neki zuhurov. Satqai Roltoni muhojir shavi. sakht alamam kard afsussss. Ozodagon mukamal chopash kun moro naranjo...

оибек
апаи оинихол аз палитика дур раву намзота хондан гир камтар дар назди парвардигор тоату ибодат кун чавонон корхои мондаи шумор идома диханд

мухочир
магар ту хамоне набудики бо дастгирии тамоми мухочирон ба ин мансабхо расиди.Мардум туро интихоб ва бовари намуд барои онки як зиндагии шоиста ва дар асл озод буданро барояшон мухаёо намои на барои онки тахкирашон куни. Чаноби Кабирихам мухочиронро аз будаш кам нишон додааст. Имруз дар кишвари Руссия беш аз ду милион точик ба хайси мардикор кор ва фаъолият мекунанд.

zuhurov rost mega hamai onhoe ki 2 milion megen muhojir nest.onjo biznesmenu fermeru istirohatu studentu dovtalabu tabobat meraftagiho ziyodand.tu durug megui oinihol.

Рустам
Дар хакикат аз забони раиси парлумон садо додани ин суханон орй будани эшон аз дурандешии сиёсист. Хайр чи кор кунем чунин рохбарон ягона нестанд.

Далер
Жириновский суханхои Зухуровро шунавад аз шарм суп сурх мешавад.

tojik,
Ту аз хамин навистанат маьлум, ки точики асил нести кадом чоплусу косалеси. агар заррае вичдон дошта боши фикр кун чи кадар мардум дар мардикорию мухочиратанд. хар соати дурии онхо аз зану фарзанд, падару модар ватан зодгох медони чи кадар мушкил хаст ин кадар тахкири русхо бас набуд, ки боз ин 3ухуров сар кардаст. кудакони мухочирон падархояшонро ба сери намебинанд, хар гохе ки падар аз мухочират меояд кудакони бечора аз падар илтичо мекунанд" Падарчон дигар россия нарав хамрохи мо ист" кудак аз кучо медонад ки падар руссия наравад зиндагиаш намегузарад дар ватан кор нест. медони чи кадар вазнин аст вакте пеш аз сафар ба чашмони кудакат менигари дилат реш реш мешавад.

олим
Ин шукурчон зухуров як умр гох ин тарафу гох он тараф задааст. Нафаката рафта чойро холи кун ки ягон одами нав кор кунад.

ОЗОДАГОН
Мухтарам Шукурчон Зухуров, дар дастгирй ба мисли Вазири фарханги ФР Владимир Мединский барин шавед. Шумо намояндаи мардумед, на намояндаи давлат. Мардум ба Шумо такдирашро супоридааст.

Точик
Зухуровро одами боаклу доно хисоб мекардам, вале бо дидани ин навор дилам аз у монд!!! Руирост фактхои ба хама маълумро инкор мекунад. Оё медониста бошад, ки соли гузашта зиёда аз 4 млрд доллар аз хисоби мардикор ба Точикистон ворид шуд, ки ин аз бучаи давлат 2 маротиба бештар аст. Шумораи мардикор аз 1,5 млн кам нест!!! 80-90 фоизи хешовандону наздикон, хамсинфону хамсоягони ман дар Русия хастанд, модарону кудакон чашм ба рох. хеч вакт точик ин кадар хору залил набуд. Шарм доред, рафик, э мебахшед "чаноб" Зухуров!! Озодагон чоп кун, ба фикрам тахкири касеро накардаам

аслан гирем аз суханони Ш.Зухуров маълум мегардад, ки вай мухочирони мехнатиеро, ки шаҳрванди Тоҷикистонанд, писанд намекунад. ин парлумони мо ба ҷои он ки ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро дар хориҷ аз кишвар ҳимоя кунанд, баръакс онҳоро аз ҳуқуқи шаҳрванияшон маҳрум карданиянд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)