Бахшҳо
01 май 2014 11:43Тоҷикистон / Тема дня

650 камераи назоратӣ дар роҳҳои Хуҷанд аз сӯи чиниҳо

Маъмурияти шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтааст, дар кўчаҳои маркази вилоят барои назорати воситаҳои нақлиёту пиёдагардон 650 камераҳои назоратӣ насб намояд.

Бо тасдиқи ин хабар аз Маркази иттилооти шаҳрдории Хуҷанд ба «Озодагон» гуфтанд, дар робита ба ин масъала раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо раҳбари Департаменти ширкати чинии «НUAWEI» дар Тоҷикистон Хенк Шю мулоқот оростааст.

Гуфта мешавад, ҳоло дар асоси марҳилаи аввали лоиҳаи мазкур дар шаҳри Душанбе тамоми кўчаҳои марказӣ ва хиёбонҳои пойтахт бо камераҳои мушоҳидавӣ, дастгоҳҳои назорати суръати нақлиёт ҷиҳозонида шуда, тамоми ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон зери назорат гирифта шудааст. “Марҳилаи дуюми ин лоиҳа бошад, насби камераҳои мушоҳидавӣ ва дастгоҳи назорати суръати нақлиёт, гузоштани аломатҳои роҳ ва кашидани хатҳои уфуқӣ дар кўчаҳои маркази вилоятро дар бар мегирад”,-афзуд манбаъ.

Зимнан, қайд гардид, дар доираи лоиҳаи мазкур ширкати «НUAWEI» тасмим гирифтааст, дар кўчаҳои маркази вилоят 35 чароғаки раҳнамо ва 40 дастгоҳи назорати суръатро низ насб намояд. Ёдрас мекунем, ширкати мазкур бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар якҷоягӣ бо Вазорати умури дохилии кишвар лоиҳаи беҳтар намудани вазъи ҳаракати роҳро амалӣ менамояд.
Мӯҳр
qahhori
Sabibbosha Tojikistan ba moshin arzoni meshad

Darvesh
Domullo Rajabboy 2 500 000$ dihed mo hami kamerahora khudmo nasb mekunem. Az khitoiho behtar va bosiffat!!! Shart nest baroi har yak kamera 25000$ dihed on kamerahoi Huawei narkhash 1000$ meistad! Mardumro kharob nakuned

dar kulobu kurgonu pomir kai mesozed???fakat xujand???kand zaned xujandiho metoned osh shavad.

0003
кулобда намезанен

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)