Бахшҳо
02 май 2014 12:24Тоҷикистон / Тема дня

Боздошти донишҷӯи ДМТ барои таҳдид ба духтаре дар “Одноклассники”

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як донишҷӯи Донишгоҳи миллиро ба гумони таҳдид ба Нигина ном духтаре дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” боздошт ва бар муқобилаш парванда боз намудааст. Масъулони ВКД мегӯянд, Раҷабалӣ Сафаров, сокини 22-солаи Ёвон, аз Нигина бори аввал 120 ва бори дувум 150 сомонӣ пул талаб карда ва гуфтааст, дар сурати дастрас накардани ин миқдор маблағ акҳсои ӯро тариқи "фотошоп" бараҳна кардаву ба мазҳари ом мегузорад.

Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи ВКД, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, Раҷабалӣ бо номи дигар дар "Одноклассники" саҳифа кушода, аз моҳи январ ба ин сӯ Нигинаро азоб медодааст. “Ӯ бори аввал макони пулгирияшро боғи “Пойтахт” таъин карда, таҳи як сангро нишон медиҳад. Нигина ба гуфтаи ӯ розӣ шуда, зери он санг на пул, балки коғаз мегузорад. Раҷабалӣ омада мебинад, ки он ҷо коғаз аст, хашмгин мешавад ва бори дуюм бо номи “НОТ ЭН” саҳифа боз намуда, ба Нигина мегӯяд, 150 сомонӣ биёрад, ки аксҳояшро паҳн хоҳад кард”,-афзуд сухангӯи ВКД.

Ба қавли Садриддинов, бори сеюм Раҷабалӣ бо номи худи Нигина дар “Одноклассники” саҳифа кушода, ба ҷои ӯ бо яке аз наздиконаш – Раҷаббек Қудратов, ки дар муҳоҷират аст, суҳбат мекунад ва хоҳиш менамояд, барояш ду ҳазор рубли русӣ фиристад. “Раҷаббек ин миқдор пулро мефирстад ва онро Раҷабалӣ мегирад. Дафъаи дигар 6 ҳазор рубли русӣ хоҳиш мекунад, аммо дар ин миён маълум мешавад, ки 2 ҳазори қаблан фиристодашуда ба дасти Нигина нарасидааст ва ин навбат Раҷабалӣ ошкор шуда, аз ҷониби мақомот дастгир мешавад”,-гуфт Ҷалолиддин Садриддинов.

Вазоарти умури дохилӣ мегӯяд, Раҷабалӣ Сафаров ва Нигина ҳарду донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошанд ва ҳоло нисбат ба аввалӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
Шафкат
Хакерои мо кати шухи накунен ки капатон дуд кадагияй))))

Аз хукумати ЧТ хохиш карда мешавад нисбати он шахсоне ки тарики интернет аз номи дигар одамхо яъне дар (одноклассник.ФЕЙСБУК ва дигар сайтхо...)сайфахо мекушоянд ба махрум кардан аз озоди ягон статия тасдик кунанд.Барои он ки мебинед дар интернет аксхои артистону дигар шахсон бо ном сахифа кушода тахкир менамоянд.

шамс
афсона барои хурдтаракон...

мардак
Як марда 40 хунар камай............

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)